Бенаво Абдурауф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Абдурауф Бенаво
عبدالرووف بېنوا
Таърихи таваллуд 23 август 1913(1913-08-23)
Зодгоҳ Қандаҳор
Таърихи даргузашт 11 январ 1985(1985-01-11)[1] (71 сол) ё 21 январ 1985(1985-01-21)[2] (71 сол)
Кишвар
Пеша шоир, рӯзноманигор

Абдурауф Бенаво (порсӣ: عبدالرووف بېنوا, Қандаҳор, 1913-1987) - шоир, публитсист, олим, ходими ҷамъиятии Афғонистон.

Зиндагинома[вироиш]

Маълумоти ибтидоиро дар хонавода ва мактаби маҳаллӣ гирифт. Ба забонҳои пашту ва дарӣ (форсии кобулӣ) менавишт. Шеърҳои нахустинаш соли 1934 дар рӯзномаи «Тулӯи афғон» ва маҷмӯаи «Пашту» ба табъ расидаанд. Ба ғайр аз тахаллуси «Бенаво», ки бо он шӯҳрат дошт, боз бо тахаллусҳои «Ятим», «Барён» ва ғайра асар эҷод мекард. Бенаво солҳои 1947–1951 Президенти Академияи илмҳои Афғонистон, аз соли 1949 муҳаррири рӯзномаи «Ҳивод» («Ватан») ва маҷаллаи илмии «Кобул» буд. Ӯ соли 1987 аз олам даргузаштааст. Осори манзум (маҷм. «Афкори парешон», 1957; «Хушҳол ва Псарлай», 1958), ҳикояҳо ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Китобҳои «Назарияи адабиёт» (1946), «Нависандагони муосир» (1957) осори илмӣ-адабиётшиносии Бенаво мебошанд.

Сарчашма[вироиш]

Шаблон:Шахсият-нопурра

  1. Большая российская энциклопедияБольшая российская энциклопедия, 2004. — ISBN 978-5-85270-320-0
  2. Library of Congress AuthoritiesLibrary of Congress.