Бергстрём, Суне
Бергстрём, Суне | |
---|---|
швед. Karl Sune Detlof Bergström | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 10 январ 1916[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 15 август 2004[4][2][3][…] (88 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | Биокимиё |
Ҷойҳои кор: | |
Алма-матер: | |
Ҷоизаҳо: | |
![]() |
Суне Бергстрём (номи пурра Карл Суне Детлоф Бергстрём; швед. Karl Sune Detlof Bergström; 10 январи 1916, Стокҳолм — 15 августи 2004, ҳамон ҷо) — биокимиёдони швед, узви АИ Шведсия, узви хориҷии АИ ИҶШС (1976), узви хориҷии АИТ ИҶШС (1982).
Фаъолияти корӣ[вироиш]
Фаъолияти кориашро дар Институти Каролина (1934) аз омӯзиши моддаи кимиёии гепарин (таҳти роҳбарии Эрик Йорпес) оғоз намудааст. Ба ҳайси корманди илмӣ дар ун-тҳои Бернск, Лунда, Каролина фаъолият намуда, оид ба кимиё ва биокимиёи простагландинҳо таҳқиқот анҷом додааст. Проф. (1958), декани факултети тиббӣ (1963-66), ректори Университети Каролина (1969-77) буд. Зери роҳбарии Б. сохтори асосии простагландинҳо муқаррар, биосинтез ва мубодилаи онҳо дар организми ширмакҳо му-айян карда шудааст. Соли 1982 ҳамроҳи Самуэлсон ва Ҷон Вейн барои кашфи простагландинҳо ва моддаҳои фаъоли ба онҳо монанд сазовори Мукофоти нобелӣ гардид.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ BERGSTRÖM, K SUNE D // http://runeberg.org/vemarvem/sthlm62/0156.html / зери таҳрири P. Harnesk — 1962.
- ↑ 2.0 2.1 Комитет исторических и научных работ — 1834.
- ↑ 3.0 3.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 Sune K. Bergström - Facts — Бунёди Нобел.
- ↑ Kungsholms kyrkoarkiv, Födelse- och dopböcker, SE/SSA/0011/C I/37 (1916), bildid: 00026626_00014, sida 10
Адабиёт[вироиш]
- Бергстрём, Суне // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.