Бернард Болсано

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бернард Болсано
чехӣ: Bernard Bolzano
Таърихи таваллуд 5 октябр 1781(1781-10-05)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 18 декабр 1848(1848-12-18)[4][2][3][…] (67 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ таҳлили риёзӣ[d], мантиқ, фалсафаи илм[d], эпистемология, риёзиёт[6], фалсафа[6], зебоишиносӣ[6] ва Ибодатгоҳи Масеҳӣ[6]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d][8] (17 апрел 1805)
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Franz Josef Gerstner[d][9]
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бернард Болсано (чехӣ: Bernard Placidus Johann Nepomuk Bolzano; 5 октябр 1781[1][2][3][…], Прага, Kingdom of Bohemia[d], Имперотурии Муқаддаси Рум[d][5][6][7][…]18 декабр 1848[4][2][3][…], Прага, Kingdom of Bohemia[d], Имперотурии Утриш[d][5][6][7][…]) — риёзидон, файласуф ва заминшиноси чех.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи Карловро дар Прага хатм кардааст (факултаи фалсафаро соли 1800, факултети геологияро соли 1805). Солҳои 1805—1820 мудири кафедраи таърихи дини ҳамин донишгоҳ буд. Сипас, барои озодфикрӣ аз вазифа сабукдӯш гардид ва барои таҳқиқи муаммоҳои риёзиёт ва мантиқ вақт пайдо кард. Дар таҳқиқот оид ба асосҳои мантиқии таҳлили риёзӣ Бернард Болсано бори аввал назарияи ададҳои ҳақиқиро омӯхт. Ғайр аз ин ӯ теоремаҳо ва мафҳумҳои бунёдии риёзиётро пешниҳод кард, ки дар илми ҷаҳонӣ дертар татбиқ шуданд (мас., функсияҳои бефосила, вале дар ягон ҷо дифференсатсия нашуда, ки бо ёрии таҳқиқоти ҳандасавӣ ба даст оварда шуда буданд). Бернард Болсано дар асари худ «Муаммоҳои беохирӣ» назарияи маҷмӯъҳои беохирро кашф кард. Ӯ теоремаро дар бораи он, ки ҳар як маҷмӯи беохири маҳдуд ақаллан як нуқтаи ҳудудӣ дорад, исбот кард (теоремаи Болсано-Вейерштрасс). Бернард Болсано дар таълимоти худ платонизми модификатсияшуда (таълимот оид ба мафҳумҳои соф ва дар бораи ҳақиқати худ) ва атомизмро (нисбати тағйирёбии субстансияҳои сода дар раванди таъсири мутақобила) ҷамъбаст карда, ғояи назарияи арифметикии адади моддиро пешниҳод кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 http://www.iep.utm.edu/bol-math/
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. 5.0 5.1 5.2 5.3 Больцано Бернард // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 6.4 6.5 6.6 6.7 https://aleph.nkp.cz/F/?func=find-c&local_base=aut&ccl_term=ica=jk01012602
  7. 7.0 7.1 7.2 7.3 Wurzbach D. C. v. Bolzano, Bernhard (нем.) // Biographisches Lexikon des Kaiserthums Oesterreich: enthaltend die Lebensskizzen der denkwürdigen Personen, welche seit 1750 in den österreichischen Kronländern geboren wurden oder darin gelebt und gewirkt habenWien: 1856. — Vol. 2. — S. 35.
  8. Bernard(us) Placidus Johann Nepomuk Bolzano (ингл.) // Mathematics Genealogy Project — 1997.
  9. Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]