Эдуард Бернштейн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бернштейн, Эдуард)
Эдуард Бернштейн
олмонӣ: Eduard Bernstein
Таърихи таваллуд: 6 январ 1850(1850-01-06)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 18 декабр 1932(1932-12-18)[1][2][3][…] (82 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Эътиқод: Reform Judaism[d][6]
Ҳизб:
Навъи фаъолият: файласуф, нависанда, иқтисоддон, муҳаррир, муаррих, economic historian
Падар: Jakob Itzig Bernstein[d]
Мукофотҳо:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Эдуард Бернштейн (олмонӣ: Eduard Bernstein; 6 январи 1850, Шёнеберг[7] — 18 феврали 1932, ҳамон ҷо) — ходими сиёсии Олмон, яке аз пешвоёни сотсиал-демократҳои Аврупо.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Берлин таваллуд шудааст. Аз соли 1872 узви ҳизби сотсил-демократии коргарӣ (эйзенахнҳо), соли 1875 дар таҳияи «Барномаи Готск» ширкат варзид. Баъди тавассути Отто фон Бисмарк ҷорӣ шудани қонуни «Ба муқобили сотсиалистҳо» Бернштейн аввал ба Швейтсария, сипас ба Британияи Кабир рафт ва то соли 1901 дар он ҷо иқомат гузид. Ҳамроҳи К. Каутский соли 1891 дар тадвини «Барномаи эртфуртии Ҳизби сотсиал-демократии Олмон» ширкат дошт. Бо Фридрих Энгелс аз наздик шинос шуда, баъди вафоти ӯ мероси адабии Ф. Энгелсро интишор дод.

Бернштейн дар асараш «Масъалаҳои сотсиализм ва вазифаҳои сотсиал-демократия» (1899, тарҷ. русӣ — 1901) дар назарияи сотсиал-демократия падидаи нав — ревизионизмро асос гузошт. Нуктаи асосии ин ҷараён қазияе буд, ки мувофиқи он нуктаҳои асосии пешгӯиҳои иҷтимоии марксизм назарияи беасос арзёбӣ шуда, капитализм бошад, имкониятҳои зиёде дорад. Аз ин рӯ, низоми демократияи парламентариро бояд инкишоф дод, зеро танҳо чунин амал метавонад капитализмро ба сотсиализм табдил диҳад. Фаъолияти амалии Бернштейн ба назарияи созмондиҳии ӯ мувофиқат мекард. Солҳои 1912-1918 депутати Рейхстаг аз Ҳизби сотсиал-демократии Олмон буд. Соли 1921 Бернштейн яке аз тадвинкунандагони «Барномаи гёрлитсии Ҳизби сотсиал-демократии Олмон» буд, ки дар он расидан ба сотсиализм танҳо тавассути ислоҳоти тадриҷии ҷомеа ва инкишофи иқтисодиёти он имконпазир дониста мешуд. Назарияи Бернштейн боиси ҳамлаҳои шадиди марксистони ортодоксалӣ ва тарғиботи расмӣ гардида, ӯ дар Иттиҳоди Шӯравӣ душмани марксизм эълон шуда буд. Вале муаррихон ва сиёсатшиносони муосир Бернштейн ро асосгузори назария ва амалияи сотсиал-демократияи муосир медонанд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Die Voraussetzungen des Sozialismus und die Aufgaben der Sozialdemokratie, 1899.
  • Проблемы социализма и задачи социал-демократии. — М.: Изд. книжного склада Д. П. Ефимова, 1901. — 360 с.
  • Социальные проблемы. — М.: т-во тип. А. И. Мамонтова, 1901. — 312 с.
  • Условия возможности социализма и задачи социал-демократии. — Либроком, 2015.
  • Общественное движение в Англии XVII в. — СПб., 1899.
  • Zur Frage: Socialliberalismus oder Kollectivismus. (Berlin, 1900).
  • Очерки из истории и теории социализма. — СПб., 1902. — 400 с. (перевод неполон)
  • Бернштейн Э. Развитие форм хозяйственной жизни. — СПб., 1904.
  • Бернштейн Э. Классы и классовая борьба. — М.: Изд. В. Д. Карчагина, 1906.
  • Бернштейн Э. Реалистический и идеалистический моменты в социализме. — Одесса: Книгоизд-во М. С. Козмана. 1906.
  • Бернштейн Э. Забастовка. — СПб., 1907.
  • Бернштейн Э. Фердинанд Лассаль. — Петроград, 1919.
  • Die Deutsche Revolution von 1918/19. Geschichte der Entstehung und ersten Arbeitsperiode der deutschen Republik, 1921. (Немецкая революция 1918—19: её происхождение, ход и последствия)
  • Бернштейн Э. Германская революция. История её возникновения и её первого периода. — Берлин — Дрезден: Восток, 1922. — XVI + 331 c.
  • Бернштейн Э. Спорные вопросы социализма. — Берлин, 1923.
  • Бернштейн Э. Социализм и демократия в Великой английской революции. — М.-Л., 1924.
  • Бернштейн Э. Возможен ли научный социализм? Бойгонӣ шудааст 22 Декабри 2018  сол. // Полис. Политические исследования 1991. № 4. С. 175—181.

Ёдоштҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бернштейн Э. В годы моего изгнания. — Симферополь, 1923.
  • Бернштейн Э. Детство и юность. 1850—1872. — Ленанд, 2014.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Овгаренко Н. Е. Две жизни Э. Бернштейна//Новая и новейшая история, № 3-4/5, 1994.