Бертело Бертло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бертело Бертло
Бертло, Бертело

Бертло, Бертело (Berthelot), Пер Эжен Марселен (25.10.1827, Париж – 18.3.1907, ҳамон ҷо), кимиёшиноси фаронсавӣ. Проф. кимиёи Мактаби олии фарматсевтии Париж (1859) ва Коллеҷ де Франс (1864), узви АИ Париж (1873), узви вобастаи АИ Петербург (1876), вазири маориф (1886–87) ва корҳои хориҷии Фаронса (1895).

Зиндагинома[вироиш]

Бертло оид ба кимиёи органикӣ, термокимиё, таърихи кимиё ва ғ. пажӯҳишҳои назаррас анҷом додааст. Ӯ дар натиҷаи таъсири ҳамдигарии кислотаҳои чарб ва глитсерин (1853–54) чарб ҳосил намуда, имконияти бо роҳи синтез ба даст овардани онҳоро исбот намуд; спирти сеатома будани глитсеринро муайян намуда, бо роҳи гидрататсияи этилен зери таъсири кислотаи сулфат (1854) спирти этилро ҳосил кард. Корҳои минбаъдаи Бертло ба синтези карбогидридҳо – метан, этилен, атсетилен, бензол бахшида шудаанд. Соли 1867 усули умумии бо йодиди гидроген барқарор намудани моддаҳои органикиро пешниҳод намуд. Солҳои 1861– 63 якҷоя бо кимиёшиноси фаронсавӣ Л. Пеан де Сен-Жил (1832–63) суръати реаксияи аз спиртҳо ва кислотаҳо ҳосил шудани эфирҳои мураккабро исбот кард. Минбаъд Бертло чандин таҳқиқоти колориметрӣ гузаронд, ки онҳо с. 1881 ба ихтирои бомбаи колориметрӣ сабаб шуданд. Б. мафҳуми «реаксияҳои экзотермӣ ва эндотермӣ »-ро ба илм дохил, аҳаммияти карбон, гидроген, нитроген ва диг. унсурҳоро барои рустанӣ муайян кард. Соли 1885 асари Б. «Пайдоиши кимиё» ба табъ расид; с-ҳои 1887–93 ӯ маҷм. дастнависҳои кимиёгарони Юнони Қадим, Аврупои Ғарбӣ, Сирия ва Арабро бо тарҷимаю тафсир ва тақриз аз чоп баровард. Бутлеров А. М., Менделеев Д. И., Лучинин В. Ф., Марковников В. В. ва диг. олимони рус бо Бертло алоқа дошта, дар лабораторияи ӯ кор кардаанд.

Сарчашма[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]