Бертло, Марселен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бертло, Марселен
фр. Marcellin Berthelot[1]
Marcellin Berthelot.jpg
Санаи таваллуд:

25 октябр 1827(1827-10-25)[2][3][…]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

18 март 1907(1907-03-18)[2][3][…] (79 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

шимии физик[d]

Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Бертло, Марселен дар Викианбор

Пйер Эже́н Марселе́н Бертло́ (фр. Marcellin Berthelot; 25 октябр 1827, Порис — 18 марти 1907, ҳамон ҷо) — кимиёшиноси фаронсавӣ. Профессор кимиёи Мактаби олии фарматсевтии Париж (1859) ва Коллеҷ де Франс (1864), узви АИ Париж (1873), узви вобастаи АИ Петербург (1876), вазири маориф (1886—1887) ва корҳои хориҷии Фаронса (1895).

Пажӯҳишҳо[вироиш]

Бертло оид ба кимиёи органикӣ, термокимиё, таърихи кимиё ва ғ. пажӯҳишҳои назаррас анҷом додааст. Ӯ дар натиҷаи таъсири ҳамдигарии кислотаҳои чарб ва глитсерин (1853—1854) чарб ҳосил намуда, имконияти бо роҳи синтез ба даст овардани онҳоро исбот намуд; спирти сеатома будани глитсеринро муайян намуда, бо роҳи гидрататсияи этилен зери таъсири кислотаи сулфат (1854) спирти этилро ҳосил кард. Корҳои минбаъдаи Бертло ба синтези карбогидридҳо — метан, этилен, атсетилен, бензол бахшида шудаанд. Соли 1867 усули умумии бо йодиди гидроген барқарор намудани моддаҳои органикиро пешниҳод намуд. Солҳои 1861—1863 якҷоя бо кимиёшиноси фаронсавӣ Л. Пеан де Сен-Жил (1832—1863) суръати реаксияи аз спиртҳо ва кислотаҳо ҳосил шудани эфирҳои мураккабро исбот кард. Минбаъд Бертло чандин таҳқиқоти колориметрӣ гузаронд, ки онҳо соли 1881 ба ихтирои бомбаи колориметрӣ сабаб шуданд. Бертло мафҳуми «реаксияҳои экзотермӣ ва эндотермӣ»-ро ба илм дохил, аҳаммияти карбон, гидроген, нитроген ва диг. унсурҳоро барои рустанӣ муайян кард. Соли 1885 асари Бертло «Пайдоиши кимиё» ба табъ расид; солҳои 1887—1893 ӯ маҷмуъи дастнависҳои кимиёгарони Юнони Қадим, Аврупои Ғарбӣ, Сирия ва Арабро бо тарҷимаю тафсир ва тақриз аз чоп баровард. Бутлеров А. М., Менделеев Д. И., Лучинин В. Ф., Марковников В. В. ва дигар олимони рус бо Бертло алоқа дошта, дар лабораторияи ӯ кор кардаанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]