Бестселлер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Бестсе́ллер (англ. best seller, аз best — беҳтарин, аз ҳама хубтарин ва sell — фурӯхта шудан) — китоберо гӯянд, ки аз ҷониби хонандагон хуб пазируфта шуда, бо адади зиёд нашр мешавад ва бозоргир аст (ба тезӣ фурӯхта мешавад).

Мафҳуми бестселлер дар охири асри 19 дар ИМА пайдо шудааст. Баъзан дар натиҷаи аз ҳад зиёд реклама кардан китоб ба бестселлер табдил меёбад. Ба қатори бестселлерҳо осори адабиёти нависандагони бузурги ҷаҳонӣ, мас., Э. Ҳемингуэй (осори адабиёти ҷиддӣ) ва осори дар навъи детектив (моҷароҷӯйӣ, саргузаштӣ, фантастикӣ-хаёлӣ ва ғ.) эҷодгардида дохил мешаванд. Як роҳи ба Б. табдил ёфтани китоб намоишу муаррифии он ба тариқи реклама мебошад. Дар Амрико ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ варақаҳо, маҷаллаҳо, газетаҳое вуҷуд доранд, ки дар саҳифаҳояшон номгӯи ду қисм китобҳо: 1) fiction — адабиёти бадеӣ ва 2) non-fiction — адабиёти ғайрибадеиро чоп карда, ба хонандагон пешниҳод менамоянд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]