Бесутун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бесутун (форсӣ: بیستون‎, бо номҳои Бестун, Баҳистон, Бағистон (яъне маҳалли Худоён) ҳам ёд мешавад) — маҳалле дар ҳудуди 35 км шаҳри Кирмоншоҳи Эрон, ки бо кӯҳҳои сар ба фалак кашида ва бузургтарин тахтасангҳои катибадор.

Нақшҳо ва катибаҳо бо фармони шоҳаншоҳи муқтадири Ҳахоманишӣ Дорои 1 (522—486) кандакорӣ шудаанд, ки тавассути онҳо Бесутун машҳури олам гардидааст. Ҳаҷҷориҳо роҷеъ ба ошӯбҳои Бардияи дурӯғин ва нуҳ нафари дигар, ки дар аҳди Дориюши 1 ёғӣ шуда, ҳар кадоме аз онҳо худро ҳокими минтақае аз империяи Ҳахоманишиён эълон карда буданд, мебошанд. Дар ин ҳаҷҷориҳо Доро рост истода ба тақдиси Аҳура Маздо дасти рости худро баланд карда ва пои чапашро бар сари Гауматаи муғ, ки бар пушт хобида ва аслиҳа ба даст дорад, гузоштааст. Дар болои сари Доро Фраҳар дар парвоз аст. Пушти сари Доро ду нафар, ки бояд аз мансабдорони олирутбаи дарбор бошанд, истодаанд. Дар рӯ ба рӯи Доро нуҳ нафар, ки дар минтақаҳои мухталифи империя даст ба шӯриш зада буданд, ҳаҷҷорӣ шудаанд. Ва катибае ҳар яке аз онҳоро муаррифӣ мекунад.

Дар ин ҷо катибаи машҳури Дорои I ба се забон — форсии бостон, эламӣ ва аккадӣ ҳаккокӣ шудааст. Матни форсии бостон дар панҷ сутуни кӯҳ кандакорӣ шуда, теъдоди сатрҳо дар ҳар сутуни он чунин аст: 96, 98, 92, 92, 36. Матни эламӣ дар ду гуна (вариант); матни нахуст дар чаҳор сутун, дар маҷмӯъ 323 сатр, матни дувум дар се сутун, ҳар кадом иборат аз 81, 85, 94 сатр. Матни аккадӣ фақат дар як сутун навишта шуда, аз 112 сатр иборат аст. Ин матнҳо дар байни солҳои 1835—1847 аз ҷониби Г. Роулинсон рӯйнавис ва хонда шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Саймиддинов Д. Форсии бостон. Д., 2007;
  • حسن پرنیا. ایران باستان. تهران، ۱۹۹۱؛ تاریخ ایران. تهران، ۱۹۹۸

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]