Бибӣ Зоирӣ
Намуди зоҳирӣ
Бибӣ Зоирӣ | |
|---|---|
| Навъи фаъолият: | шоир |
Бибӣ Зоирӣ (асри 17) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҳунари шоирӣ ва табъи волои ӯ дар маъхазҳо, мас., «Нештари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Азимободӣ, иттилоъ дода шудааст. Дар осори худ (бештар ба ғазал таваҷҷуҳ доштааст) анъанаҳои шоирони гузаштаи адабиёти классикии форс-тоҷикро идома додааст. Ғазалҳояш содаву равонанд. Намуна аз сурудаҳои Бибӣ Зоирӣ:
Хӯрдани хуни дил аз чашми тар омӯхтаам,
Хуни дил хӯрдааму ин ҳунар омӯхтаам.
Кори ман бе ту ба ҷуз хуни ҷигар хӯрдан нест,
Турфа коре, ки ба хуни ҷигар омӯхтаам.
Носеҳо, чанд кунӣ манъи ман аз ишқи бутон
Ман зи устоди қазо ин ҳунар омӯхтаам.
Зоирӣ, баҳри тавофи ҳарами кӯи бутон
Субҳхезӣ зи насими саҳар омӯхтаам!
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бибӣ Зоирӣ / У. Назиров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.