Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Биловал Зардорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Биловал Зардорӣ
англ. Bilawal Zardari
урду: بِلاوَل بُھٹّو زَرداری
синдӣ: بلاول ڀٽو زرداري
27 апрел 2022 10 август 2023
Пешгузашта Makhdoom Shah Mahmood Hussain Qureshi[d]

Таваллуд 21 сентябр 1988(1988-09-21) (37 сол)
Падар Осиф Алӣ Зардорӣ
Модар Беназир Бҳутто
Ҳизб
Таҳсилот
Дин ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Биловал Бҳутту Зардорӣ (урду: بلاول بھٹو زرداری; зод. 21 сентябр 1988, Карочӣ) — сиёсатмадор ва давлатмарди покистонӣ, раиси Ҳизби мардумии Покистон. Ягона писари Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва сарвазири пешини Покистон, марҳум Беназир Бҳутто. Вазири корҳои хориҷии Покистон (2022—2023).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Биловал Зардорӣ 21 сентябри соли 1988 дар Карочӣ (маркази иёлати Синд), дар яке аз хонаводаҳои бонуфузи Покистон ба дунё омадааст — бобояш Зулфиқор Алӣ Бҳутто буд. Биловал 3-моҳа буд, ки модараш Беназир Бҳутто ба мақоми сарвазири кишвар расид. Соли 1996 падараш Осиф Алӣ Зардорӣ зиндонӣ шуд ва соли 1999 Биловал ҳамроҳи модараш Покистонро тарк кард. То соли 2007 ӯ дар Дубай ва Лондон зиндагӣ мекард. Моҳи декабри соли 2007 Беназир Бҳутто дар Равалпиндӣ кушта шуд ва Биловал пас аз солҳои тӯлонӣ бори аввал ба Покистон омад. Моҳи сентябри соли 2008 Осиф Алӣ Зардорӣ президенти кишвар интихоб шуд. Биловал Зардорӣ соли 2011, пас аз хатми таҳсил дар Донишгоҳи Оксфорд, барои зиндагӣ ба Покистон баргашт.

Фаъолияти сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 30 декабри соли 2007 раиси Ҳизби мардумии Покистон мебошад.

Соли 2018 дар интихоботи порлумонӣ номзад ба мақоми сарвазирӣ буд.

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
[[Commons:{{{1}}}|Биловал Зардорӣ]]