Биниши Кашмирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Биниши Кашмирӣ
Навъи фаъолият: шоир

Биниши Кашмирӣ (форсӣ: بینش کشمیری‎, ? — 1689-92) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Кашмир касби камол ва зиндагиву эҷод кардааст. Тазкиранависон ашъори ӯро сутудаанд. Аз ӯ куллиёти ашъор (беш аз 7 ҳазор байт) ва маснавиҳо дар ҷавоби «Хамса»-и Низомӣ ба ёдгор мондаанд. Маснавии якуми ӯ «Биниши абсор» дар ҷавоби «Махзан-ул-асрор»-и Низомӣ мебошад. Дар ин маснавӣ сухан ва суханварон, табиати Ҳиндустон, махсусан шаҳри Деҳлӣ ва ободиҳои он, рӯди Ҷамна ва кӯҳсори афсонавии Кашмир тасвир шудаанд. Биниши Кашмирӣ дар ин асар аз Хусрави Деҳлавӣ низ ёд кардааст ва худро аз пайравони тариқати Чиштия медонад. «Ганҷи равон»-и Биниши Кашмирӣ дар ҷавоби «Искандарнома», «Гулдаста» бар вазни «Лайлӣ ва Маҷнун», «Шӯри хаёл» дар назираи «Хусрав ва Ширин» (тасвири ишқи ду дилдода аз Банорас), «Риштаи гавҳар» дар ҷавоби «Ҳафт пайкар» суруда шудаанд. Ба замми ин Биниши Кашмирӣ маснавие бо номи «Ҷавоҳирхона» дорад. Абёти зерин намунае аз шеъри Биниши Кашмирӣ мебошанд:

Мо низ дар ин қофила саргарми шитобем,
Дар зери фалак чун маҳи нав по ба рикобем.
Аз нолаи мо соз бувад ишрати мардум,
Дур аз ту дар ин базм ба ойини рубобем.
Дар майкада моро ҳаваси нони касе нест,
Чун мардуми обӣ ҳама лабташнаи обем.
Ғафлатзада моем, ки чун махмали лола,
Дар паҳлуи бахти сияҳи хеш бихобем.
Аз бода надорем чу гул тоби ҷудоӣ,
Паймонаи мо гар шиканад хонахаробем.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Алиев Г. Ю. Темы и сюжеты Низами в литературах народов Востока. М., 1986;
  • دانشنامۀ أدب فارسی. أدب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان، بنگلدش) ج.۴، بخش ۱، تهران، ۱۳۷۵ هـ. ش؛
  • صفا ذبیح الله. تاریخ ادبیات در ایران. ج ۵، کتاب ۲، تهران، ۱۳۸۳ هـ. ش

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]