Биогеосенология

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Биогеосеноло́гия (аз юн.-қад. βίος — ҳаёт, γῆ — замин, κοινός — умумӣ ва юн.-қад. λόγος — омӯзиш) — илм дар бораи биогеосенозҳо ва биогеосфера.

Асосгузори биогеосенология олими рус Сукачёв В. Н. мебошад. Дар инкишофи биогеосенология саҳми олимони шӯравӣ Докучаев В. А., Морозов Г. Ф., Вернадский В. И. ва дигар арзанда буда, ғояи ҳамбастагии ҳодисаҳои табиат ва моддаи зиндаро ба вуҷуд оварданд. Масъалаҳое, ки мавриди ҳаллу фасли биогеосенология қарор гирифтаанд, омӯзиши сохтор, хосият ва фаъолияти унсурҳои биогеотсеноз, инчунин муқаррар намудани тариқи робитаи онҳо; омӯзиши ҷараёни моддаҳо ва энергия дар онҳо, маҳсулнокии биологӣ; таҳқиқи вазъу ҳолати як унсурро тағйир додани унсури дигар; муайян намудани мақоми онҳо дар тағйирот ва инкишофи биогеотсеноз; муқаррар кардани аксуламали биогеотсеноз ва унсурҳои он нисбат ба фаъолияти хоҷагидории одам; омӯзиши дараҷаи устувории биогеотсенозҳо ва роҳҳои танзими он мебошанд, ки ҳаллу файсалашон фақат бо ширкати олимони соҳаҳои гуногун — ботаникҳо, зоологҳо, физиологҳо, микробиологҳо, хокшиносҳо, биохимикҳо ва ғ. имкон дорад. Ҳалли муваффақонаи масъалаҳои биогеосенология барои дақиқ муқаррар кардани натиҷаи дахолати инсон ба амалиёти табиат, афзун гардондани маҳсулнокии биологӣ, интихоби усулҳои оқилонаи истифодаи захираҳои табиат ва ғ. шароити мусоид фароҳам меоварад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]