Jump to content

Бионавигатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бионавигатсия — қобилияти самти ҳаракатро ҳангоми кӯчиши (мигратсия) мавсимӣ (ҷойҳои зимистонгузаронӣ ё афзоиш) муқаррар кардани ҳайвонот.

Бионавигатсия бо ёрии аъзои ҳис ва аксуламали ирсӣ (ғариза) ба амал меояд. Бионавигатсия хусусан дар вақти парвози парандаҳои ҷавон, ки бори аввал ба ҷойи зимистонгузаронӣ парвоз мекунанд, аҳаммияти бузург дорад. Баъзе ширхӯрҳо (мас., гавазни шимолӣ, гурбаи обӣ ва китҳо) ва хазандаҳо (мас., сангпушти баҳрӣ) низ қобили бионавигатсия мебошанд. Дар интихоби самт ва роҳ якҷоя амал кардани ҳайвоноти кӯчӣ хеле муҳим аст, масалан, парандаҳо села-села парвоз мекунанд. Тариқаи бионавигатсия гуногун буда, пурра омӯхта нашудааст (масалан, астронавигатсия, навигатсияи аз рӯйи нишонаҳои замин ва ғайра).