Биотсеноз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
FoodWeb.jpg

БИОТСЕНÓЗ (аз био… ва юн. koinos – умумӣ), маҷмӯи организмҳое, ки дар муҳити шароиташ яксон ҳамроҳ зиндагӣ мекунанд (наботот, ҳайвонот, микроорга­низм­ҳо). Истилоҳи «Б.»-ро биологи олмонӣ К. Мёбиус (1877) кашф кардааст. Мафҳуми Биотсеноз олами зиндаи биогеотсенозро ифода менамояд. Биотсеноз ба фитотсеноз ва зоотсеноз ҷудо мешавад. Қисми зиндаи Биотсеноз бо қисми ғайризиндаи он ҳамеша дар алоқамандии моддию нерӯист.

Моддаҳои аввалини органикиро организмҳои автотрофӣ – рустаниҳои сабз дар ҷараёни фотосинтез ҳосил мекунанд. Ин гуна моддаҳоро дар ҷараёни реаксияҳои мубодилаи кимиёӣ (хемосинтез) баъзе микроорганизмҳо низ ба вуҷуд меоранд. Организмҳои гетеротрофӣ (ҳайвонот, занбӯруғ, баъзе бактерияву вирусҳо) моддаҳои органикиро дар рафти ғизогирӣ, нафаскашӣ, рушди тана ва ғ. дигаргун месозанд. Фаъолияти хоҷагии инсон метавонад Биотсенозро ба манфиати худ тағйир диҳад. Муносибати байни намудҳоеро, ки барои ду ва ё чанд намудҳои дигар шароити мусоид фароҳам меоранд, ёрии тарафайн меноманд. Масалан., рустаниҳое, ки бо ёрии ҳашарот гардолуд мешаванд, ба ҳашароте муҳтоҷанд, ки гарди як рустаниро ба рустании дигар бурда, боиси гардолудӣ мегарданд. Дар ҳолати дигар муносибати тарафайни намудҳо нисбат ба ҳам муқобиланд (Масалан., ҳамдигарро хӯрдани ҳайвонҳои даранда). Агар ду намуд аз шароити яксони муҳит ғизо гиранд ва ғизо тадриҷан кам гардад, он гоҳ муносибати байни намудҳо рақобати байни якдигар мешавад. Масалан., рустаниҳо барои рӯшноӣ ва намакҳои минералии таркиби хок байни ҳам рақобат мекунанд, рустаниҳое, ки шоху пояашон инкишоф ёфтааст, рӯшноиро бештар гирифта, зуд месабзанд ва баръакс, рустаниҳое, ки дар зери сояи шоху барги онҳо мондаанд, нобуд мешаванд ё суст месабзанд. Дар байни ҳайвоноти даранда низ чунин рақобат вуҷуд дорад. Антибиози микробҳо низ яке аз шаклҳои ҳамин гуна рақобат аст. Масалан занбӯруғи пенитсиллиум ҳангоми дарёфти ғизо сабзишу афзоиши бисёр бактерияҳоро бозмедорад. Омӯзиши Биосеноз аҳаммияти зиёд дорад. Масалан донистани қонунияти Биосеноз ҳангоми ба шароити нав муқимӣ намудани ҳайвоноти серпашм, мубориза бо зараррасонҳои кишоварзӣ, истифодаи самарабахши замин, об ва ғ. муҳим аст.


Ањамтияти популятсия ва биосеноз Дар сатхи сайёраи мо шумораи зиёди намудхои ҳайво-ноту рустанихо мавчуданд. Тахмнн мекунанд, ки шумораи умумии намуди хайвонот ба 1,5 миллион ва рустаниҳо ба 0,5

миллион мерасад, ки аз чумла ҳашаротҳо 1 мил. намуд, мо-люскҳо 130 хазор намуд, кирмхо 45 хазор намуд, мохиҳо 23,5 ҳазор намуд, обхокихо 3,5 хазор намуд, хазандаҳо 7,2 ҳазор намуд, паррандахо 9,5 ҳазор намуд, ширхӯрҳо 4,4 хазор намуд ва аз рустанихо бактерияхои прокарнотй 6 хазор намуд, арга-низмхои эукариотй 40 ҳазор намуд, замбуругхо 100 хазор намуд, растаниҳои одди 40 хазор намуду растаниҳои олй 300 хазор намудро ташкил медиханд. Ҳар як намуди хайвоноту рустанй аз ҷиҳати шумораи фардҳо, майдони ишголкарда ва зичии чойгиршавй дар дои¬раи махалли зист нобаробар таксим шудаанд. Аз ин рӯ, онхо дар як чо зиёду зич, дар дигар ҷо каму аз як дигар дур-дур ҷойгиранд. Ноҳияҳои ишғолкардан намуди набототу хайво¬нот низ як хел нест. Яке аз онҳо майдони чугрофй (ареалй) васеъ, дигаре махдуд доранд. Аз ин лихоз бо назардошти эко-логиашон организмхои зиндаро ба ду гурӯҳ: эврибионтхо ва стенобионтхо чудо мекунанд. Эврибионтхо (аз вожаи юнонй euris-васеъ, биос-ҳаёт) -организмхоеанд, ки худуди паҳншавй ва мутобикшавии васеъ дошта, дар мухитҳои зисти гуногун вучуд дошта метавонанд. Аз рустаниҳо шӯра, аҷуриқ, ҷаг-ҷаг, най, кӯга ва аз хайвонот магас, гамбусаки саврй, муш, гург, рӯбох, хирси малла, кал-ламуши хокистарранг ва гайра ба ин гурӯх шомил мешаванд. Стенобионтхо (аз вожаи юнонй stenos-хурд, махдуд, танг, биос-хаёт) - организмхоеанд, ки доираи пахншавй ва мутобикшавии махдуд дошта, дар як мухити муайяни экологи зиндагй карда метавонанд. Аз рустанихо акатсияи регй, дуло-наи дарвозй, аз хайвонот мохии антарктикй - Tremathomus, аз ҷнҳати гизо стенофак кирмаки пилла, хирси сафед, рӯбохи шимолй ва гайра ба ин гурӯх мансубанд. Ҳамаи ин нобаробариҳои ҷугрофӣ, шумораи фардхои намудҳо бештар ба таъсири омилхои абиотй вобаста мебо¬шанд. Масалан, дар тарафи шимолии кӯххо фардхои як гурӯҳн намудхо, дар тарафи ҷанубй гурӯхи намудхои дигар мутобик шудаанд. Дар тарафи шимолии кӯх намудхои намидӯст ва ба маводи гизой эҳтиёчи зиёд дошта, дар тарафи чанубии кӯҳ бошад, намудхои рӯшноидӯст ва ба намию моддахои гизоии таркиби хок эхтиёҷи кам дошта маскан мегиранд. Намудҳо натанҳо дар тарафҳои муқобили кӯҳ якхела не¬станд, балки дар баландиҳои гуногун аз сатхи баҳр низ гуно-гунанд. Аз ҳамвориҳо то баландихои кӯхӣ намудхои хайвоно¬ту рустанихо аз ҷиҳати шумора, ҳаҷми бадан ва зичии ҷой-гиршавии фардҳо фарккунандаанд. Аз ин рӯ, дашт, биёбон, резишгоҳи рӯдхо, доманакӯҳ ва баландкӯххо намудхои хосси худро доранд. Ҳатто намудҳое, ки фаъолияти онҳо бо дарах¬тони алоҳида вобаста аст қитъаҳои бешазорро махалли зисти худ интихоб кардаанд. Ин аст, ки за ранг, чормагз, себи север-сови дар тарафи шимолии кӯҳ бо намудхои махсуси худ, фар-ку чилон, татуму писта ва бодоми бухорй дар тарафи ҷанубии кӯххо ба намудхои дигари бо худ вобаста маскан доранд. Дар доманаи кӯххо бештар писта, бодом, чилон ва гайраҳо, дар миёнакӯххо бошад, бештар арчахо вомехӯранд. Бед, сафедор ва туе хамчун намудхои намидӯст дар резишгоххои рӯдхо ҷой гирифтаанд. Фардхои хар як намуди биологи дар мухити зист танхо Не, балки гурӯҳ-гурӯх фаъолият мекунанд. Чунин тарзи зиндагии фардҳо тӯли солхои зиёд ва дар натичаи муноси-батҳои мураккаби раванди эволютсия ташаккул ёфтааст. Мачмӯи фардхои як намудро, ки дар қисми муайяни махалли зист муддати тӯлонӣ вучуд доранд, он ҷо мутобик шудаанд, аз мачмӯи фардҳои дигари хамон намуд нисбатан ҷудоанду фарки зохирии ночизе доранд ва бо хам озодона ҷуфтӣ мешаванд популятсия меноманд. Вожаи популятсия аз лотинӣ-populus гирифта шуда, маънои аҳолиро дорад. Таъри-хан мафхуми популятсия ибтидои асри 20 дар натичаи ташак-кули илмхои генетикию эвалютсионй ба амал омадааст. Ис¬тилохи популятсияро аввалин шуда соли 1903 В. Иоганзен истифода намудааст. Популятсия ин сохти оддии намуд ме¬бошад ва намуд бо ҳамин шакл вучуд дорад. Хдмин тарик. популятсияро дар экология хамчун мачмӯи фардхои як намуд, дар мухити муайяни зист номидан мумкин аст. Фардхои по-пулятсия аз ҳамдигар бо синнусол, чине, инчунин бо кадом зинахои онтогенегикии хает мансубият доштанашон фарқ ме¬кунанд. Нафакат шумораи фардҳои популятсияҳои намудхои гуногун, балки популятсияхои як намуд низ ҳархелаанд. Оми¬ли асосии муттахидкунандаи фардхои намуд озодона ҷуфти 'пудани онҳост. Тамоми хусусият ва аломатхои фардхои як


популятсия бо фардхои популятсияи хамсояи хамон намуд нисбати популятсияҳои дур воқеъбудаи он бештар монан-данд. Бо ҳам вохӯрдану ҷуфт шудани фардхои гуногунҷинс дар дохили як популятсия назар ба фардхои ҳамсоя осон аст. Барои омехта шудани популятсияқои як намуд дар та¬биат монсаҳои гуногун мавҷуданд. Яке аз ин монеаҳо, монеаи ҷугрофӣ мебошад, ки ба вай кӯҳҳо, рӯдҳо, бахрҳо, таркиби кимиявии хок ва омилҳои иқлимӣ тааллуқ доранд. Монеаи дигар, ин монеаи биологи мебошад, ки барои хайвонот баъзан дар тафовути ночизи узвҳои ҷинсй, мӯхлати ҷуҷттшавй, лонагузорӣ, инстинкти хонасозӣ, рафтор дар вакти ҷуфтишавӣ ва барои рустанихо дар фарқи давраҳои гуногуни гулкунй, гардолудшавй, суръати рушди гардҳову хашарс-тҳои гардолудкунанда ифода меёбад. Дар популятсия мунтаззам тагйирпазирии ирей ба амал меояд. Дар натиҷаи ҷуфти гар-дидани фардхои гуногун тагйироти ирей метавонад тамоми ноггулятсияро фаро гирад ва сатҳи он гуногун бошад. Дар по¬пулятсия мубориза барои хаёт ва интихоби табий ҷараён до¬рад, ки туфайли онҳо фақат ҳамон фардҳое зинда мемонанду наел медиханд, ки дар хамон шароит тагйирёбй ба нафъи онҳост. Протсесси пайдоиш ва чараёни инкишофи понулягсияҳо ҷузъи таркибии микрозволютсия ба шумор меравад, ки он ба пайдоиши намудхои нав анҷом меёбад. Ҳамин тариқ, поггу-лятсияро воҳиди эволютсия шуморидан равост. Интихоб дар понулятсияхо. Интихоби фардхо дар дохи¬ли популятсия огоз меёбад. Фардхои як популятсия бо хам-дигар таъсир мерасонад ва таъсири онхо аз таъсири фардхои дигар намудхо кам нест. Дар популятсия кариб хамаи ша¬клхои алокаи байнинамудй хос аст. Пекин шаклхои алокаи бо хам фоиданок ва рақобат бештар вомехӯранд. Популятсияҳои аксар намудхо хислати ба тартибандозии шумораи фардхои худро дар минтака доранд. Нигохдории шумораи муайяни фардхои популиятсияро дар майдони муайян гомеостазияи вай меноманд, ки аз мӯътадилии шароити ҷои зист, маводи гизо, рӯшноӣ, нами ва гайра вобасга аст. Вале хамаи ин воба-стагиҳо барои намудҳо якхела нест. Популятсия хамчун гурӯхи фардхои намуд, хусусиятхои ба худ хос доранд, ки ин хусусиятхо ба фардхои алоҳида хос нест: 1. Шумораи фардхои популятсия- ин шумораи миёнаи фардхо дар худуди муайян. 2. Зичии чойгиршавии фардхои популятсия- шумораи миёнаи фардхо дар майдони муайян. 3. Таваллудшавй- шумораи фардхои навзод дар воҳиди вакт. 4. Микдори фавти фардхои навзод- шумораи фавти фардҳои навзод дар вакти муайян. 5. Афзоиш- фарки шумораи фардхои навзоди эинда-мондаю фардхои фавтида. 6. Суръати афзоиш- афзудани хисоби миёнаи фардхо дар вохиди вакт. 7. Биосеноз аз вожаи юнонй bios-ҳаёт, koinos-умумй ги¬рифта шуда, маънояш гурӯхи намудхои наботот, хайвонот ва микроорганизмҳое мебошад, ки дар қитъаи мухити зисти та-носубан шароити иклимии якхела дошта ҳамрох зиндагй ме¬кунанд. Гурӯҳи рустаниҳое, ки таркиби биосенозро ташкил менамоянду ба ҳамднтар ва ба мухити атроф муносибатхои муайян доранд фитосеноз меноманд. Гурӯҳи хайвоноти био¬сенозро дар алохидаги зоосеноз ва микроорганизмҳоро мик-росеноз меноманд. Истилохи биосенозро зоологи олмонй К.Мёбиус (1825-1908) соли 1877 дар китоби «Садафак ва хоҷагии садафакпарварй» пешниход кардааст. Дар биосеноз қонуниятҳои вобастагии инкишофи намудхои гуногуни ру¬станихо, хайвонот ва микроорганизмҳоро, ки зери таъсири мухити зист ва дар асоси хусусиятхои биоэкологии онҳо амал менамоянд мавриди омӯзиш карор медиханд. 8. Хар як биосеноз шумораи муайяни намудхои набототу хайвоноти хоси худро дорад. Дар холати такрибан якхела бу¬дани икдими махал маҷмӯъи намудҳои биосеноз низ тахминан якхела мешаванд, ки барои хар биосеноз хислати хоси зохирй медихад. Ин аст, ки дар вакти омӯхтан дар масофаҳои гуно¬гун як биосенозро бе мушкилй аз дигараш фарқ мекунанд. Масалан, биосенози қарагайзорро аз тӯсзор, биёбонро аз дашт, резишгохи дарёро аз биёбон, чормагззорро аз заранг-зор, арчазорро аз фаркзор ва гайра ба осонй фарк мекунанд. Азбаски хар кадом биосеноз шумораи муайяни хайвоноти ба худ хосро дорад, дар худуди он хайвонотхо мутобик, шуда, барои худ лона месозанд, хӯрок меёбанду оилаҳои худро таш¬кил намуда, афзоиш мекунанд. Дар биосеноз бокимондаи на¬бототу хайвонот, тагйир ёфта ба моддахои органикию ноор¬ганикй табдил меёбанд ва чун манбаи моддахои гизои ва энергия барои организмхои дар он зиндагй дошта хизмат ме-намоянд.

Адабиёт[вироиш]

Биологический энциклопедический словарь. М., 1986;

Мамонтов С. Г., Захаров В. Б., Козлова Т. А. Биология. М., 2008.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2