Бисмили Ҳиндӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бисмили Ҳиндӣ
Бҳагован Дос
Таърихи таваллуд: 1751(1751)
Навъи фаъолият: шоир

Бисмили Ҳиндӣ (форсӣ: بسمل هندی‎), Бҳагован Дос (17511807) — шоир ва тазкиранависи форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз зумраи ҳиндувонест, ки дар дарбори Темуриёни Ҳинд фаъолият доштаанд. Падараш дар даргоҳи Бурҳонулмулк Саодатхон ва ҷонишинаш хидмат кардааст. Бисмили Ҳиндӣ улуми мутадовилаи даврашро дар назди донишмандон Ҳақдодхони Афғон, Сайид Юсуфи Саҳоранпурӣ ва дигар. омӯхт. Дар шоирӣ шогирди Муҳаммадфохири Макин (ваф. 1806) буд. Мувофиқи маълумоти манобеи адабӣ ба забони форсӣ маснавиҳо «Силсилат-ул-муҳаббат» (дар пайравии «Силсилат-уз-заҳаб»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ), «Мазҳар-ул-анвор» (дар пайравии «Махзан-ул-асрор»-и Низомӣ), «Меҳри зиё» (дар пайравии «Юсуфу Зулай­хо»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ), ду девони ашъор — «Шавқия» ва «Завқия», ду тазкира — «Ҳадиқаи Ҳиндӣ» ва «Сафинаи Ҳиндӣ» таълиф карда будааст, ки аз ин осор тазкираи «Сафинаи ҳиндӣ» ва тақр. 200 мисраъ шеър (дар тазкираҳо оварда шудаанд) дастрас гардидаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]