Бисёрҳарба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бисёрҳарба́ — мусобиқаи варзишӣ, тавъамсозии машқҳои ҷисмонӣ дар як (масалан даҳҳарба барои мардон, ҳафтҳарба барои занҳо дар варзиши сабук) ё якчанд навъи варзиш (мас. панҷҳарбаи муосир), ки тибқи муқаррароти таснифоти варзиши байналмилалӣ ё давлатӣ сурат мегирад.

Мақсади Бисёрҳарба ошкор намудани сифатҳои ҳамаҷонибаи рӯҳию ҷисмонӣ ва малакаҳои ҳаракати варзишгарон мебошад.

Мусобиқаҳои Бисёрҳарба – пентатлон (давидан, ҷаҳидан, найзапартоӣ, дискпартоӣ, гуштин) бори аввал с. 708 то м. дар барномаи Бозиҳои олимпии Юнони Қадим дохил карда шуданд. Одатан, таркиби Бисёрҳарба. доимӣ мебошад. Масалан панҷҳарбаи муосир яке аз навъҳои Бисёрҳарба буда, чунин навъҳои варзиш, ба монанди гузаштан аз монеа бо асп, шамшерзанӣ, шиноварӣ ба масофаи 200 м (бо тарзи дилхоҳ), дави тӯлонӣ ба масофаи 3 км ва тирпар­ронӣ аз туфангчаро (20 маротиба) дар бар мегирад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]