Jump to content

Биёбони Либиё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биёбони Либиё (ар. الصحراء الليبية‎) — биёбон дар Африқо, дар қисми шимолу шарқи Саҳрои Кабир, дар самти ғарбии дарёи Нил.

Дар ҳудуди Либиё, ҶМА ва Судон воқеъ аст. Масоҳаташ қариб 2 млн км2. Қисми шимолиаш пасти регзор, баландии хомаҳо то 300 м, шимол шарқиаш – пастхамии амиқи тектоникӣ (Каттара, аз с. б. 133 м паст), ҷанубиаш – пуштакӯҳи баландиаш 400–500 м. Иқлимаш тропикии биёбонӣ, дар Шимол – баҳримиёназаминӣ, нимбиёбонӣ. Ҳарор. миёнаи янв. –12°–18°С, июл – 28–35°С. Боришоти солона – 25–100 мм (баъзан тамоми сол намеборад). Набототаш кам. Аҳолии воҳаҳо бо парвариши хурмо, шафтолу, зардолу, ғаллакорӣ ва чорводорӣ машғуланд.