Биёбони Нубия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биёбони Нубия (ар. صحراء النوبة‎) — биёбон дар Африқо, дар қисмати шарқии Саҳрои Кабир, байни дарёи Нил ва қаторкуҳи Этбай, дар қисмати Шимол бо Биёбони Араб мепайвандад.

Масоҳаташ 1,2 млн км2. Баландии миёнааш аз с. б. 500 м, нуқтаи баландтаринаш (куҳи Ода) 2259 м. Сатҳаш пуштакӯҳест, ки аз ШАҲРИ ба Ғ. тадриҷан аз 1000 то 350 м паст шуда меравад. Дар қисмати ғарбии он кӯҳҳои алоҳидаи баландиашон 1240 м вомехӯранд. Боришоти солона 25 мм, ҳарор. миёнаи июл 300°С, янв. 150°С. Аз наботот гиёҳҳои хӯшадори хушкидӯст, ақоқиё, буттаҳои хордор вомехӯранд. Аз ҳайвонот дар соҳили Нил тимсоҳ, шағол, аз хазандаҳо морҳои заҳрдор, каждум, сусморҳои биёбонӣ, ва ғ. мавҷуданд. Аҳолиаш тақрибан 2,5 млн нафар (2010). Халқиятҳои асосиаш нубиягиҳо, арабҳо, барбарҳо буда, бо чорводорӣ машғуланд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]