Биҳиштӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биҳиштӣ — навъе аз ангурҳои қадимии дерпазаки тоҷикӣ; селексияи халқист.

Биҳиштӣ сафед ва сиёҳ мешавад. Баргаш сабзи баланд, миёнаҳаҷми гирд а ё байзашакли 3-5-парраи чиндор. Гулаш ду­ҷинс, хӯшааш миёна ва калон (дарозиаш 15—28 см, вазнаш 275—350 г, баъзан 1—1,3 кг), устувона ё махрутшакл, зичиаш миёна. Ғужбаш миё­на­ҳаҷм (дарозиаш 15 мм, бараш 14 мм), лунда, тухмшакл, рангаш сабзи зардча, баъди пурра пухтан зарди кушод ме­шавад; мумпардааш тунук. Ғуж­маш ғафсу сахт, гӯшташ серобу сершира, 1—2 (баъзан 3) дона тухм дорад. Баъди пурра пухтан, дар таркибаш 23—28 % қанд ва 4,7—6,8 г/л туршӣ мав­ҷуд аст. Аз ҳар га 120—200 сентнер ҳо­сил меғундоранд. Токаш зудсабз, 35—42%-и навдаҳо­яш самаровар. Дар шароити иқ­лими Тоҷикистон нимаи май гул карда, ох. авг. мевааш ме­па­зад. Давраи нашваш 138—160 рӯз. Меваи биҳиштиро тар мехӯ­ранд, аз он афшура ва шароби аълосифат тайёр мекунанд. Мавизаш сифати баланд надорад. Биҳиштиро бештар дар водиҳои Зарафшону Ҳисор, инчунин дар вилоятҳои Бухоро, Қашқадарё ва Хоразми Ӯзбекистон мепарваранд. Биҳиштии сиёҳ асосан дар ноҳияи Панҷакент парвариш карда мешавад. Токаш ба сармо ва камобӣ устувор аст. Дар шӯрхок ва заҳзаминҳо низ хуб месабзад. Аз касалиҳои гарда ва некроз бештар зарар мебинад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Лазаревский М. А. Сорта винограда. М., 1959;
  • Ампелография Узбекистана. Ташкент, 1984.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]