Биҳориҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Биҳориҳо
Шумора
  • 105 000 000 тан (2011)
Сукунат
Забон Bhojpuri[d], Magahi[d] ва Maithili[d]
Дин Ҳиндуия, ислом, масеҳият, Jainism[d], буддогароӣ, Sikhism[d] ва баҳоия
 Парвандаҳо дар Викианбор

Биҳориҳо — гурӯҳи халқиятҳои ҳиндуориёӣ дар шимоли Ҳиндустон (аксаран дар иёлоти Биҳор, Уттар Прадеш, Ҷаркҳанд) ва навоҳии наздисарҳаддии Бангладеш, Бутан ва Непал.

Аҳолии асосии биҳориҳо дар Ибтидои садаи XXI бҳоҷпурҳо (24,3 млн нафар), магаҳҳо (13 млн нафар) ва майтхилҳо (22 млн нафар) мебошанд, ки байни худ умумиятҳои этникӣ доранд. Ба забонҳои хеши гурӯҳи мансуби оилаи ҳиндуаврупоӣ (минҷумла бҳоҷпурӣ, магаҳӣ ва майтхилӣ) такаллум мекунанд. Аксари Биҳориҳо эътиқодманди ҳиндуиянд, ҳамчунин мусулмонҳо (аҳли тасаннун), аҳли насоро, сикхҳо, ҷайнҳо ва бутпарастҳо ҳам ҳастанд. Бо вуҷуди биҳорӣ будани ин се халқият, боз ҳам дар байнашон аз нигоҳи урфу одат ва анъанаву русумот тафовутҳо вуҷуд доранд. Асоси хоҷагидорӣ кишоварзӣ (шолию ғаллакорӣ, парвариши найшакару тамоку, нахӯду ҷав ва ғайра), чорводорӣ (бузу гӯсфандпарварӣ, гову хукпарварӣ-(ба нудрат дар баъзе табақаҳо) ва парандапарварист. Ҳоло аксари Биҳориҳо дар шаҳрҳои бузург зиндагӣ карда, дар саноат фаъолият доранд. Мусулмонҳо бештар дар шаҳрҳо ба тиҷорат машғуланд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Народы Южной Азии. — М., 1963.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]