Бободархон (деҳа, н. Ашт)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Деҳа
Бободархон(
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ашт
Ҷамоат Деҳоти Понғоз
Координатаҳо 40°42′00″ а. шим. 70°15′00″ т. ш.HGЯO
Таъсис 1926
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 5567 нафар (2020)
Агломератсия 10000
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонони ҳанафимазҳаб
Вақти минтақавӣ UTC+5
Коди телефон +992 3453
Нишонаи почта 735790
Коди мошин TJ02
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Бободархон( дар харитаи
Бободархон(
Бободархон(

Бободархондеҳа дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт. Аз Бободархон то маркази ҷамоат 5 км ва то ноҳия 7 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4395 нафар (2012), тоҷикон. Деҳа дар нимаи аввали асри 19 ташкил ёфтааст аммо худи сокинон онро хеле қадимтар ҳисоб карда аз муғхонаҳо дар инҷо буданд зикр мекунанд. Номи деҳа аз рӯи гӯё этимологияи мардумӣ аз номи яке аз аввалин сокинони Боҳодур, ки деҳқони бисёр заҳматкаш буд, гирифта шудааст, ки барои он Бободархон – «бобо дар хона» лақаб гирифтааст. Умуман, ин номро метавон «минтақае, ки ба Бобо дода шудааст» тарҷума кард, зеро. «Дархон» (точикй) истилохи таърихй буда, чун «имтиёзнок, озод аз андозу бочхо» тарчума шудааст. 406]. П.Е.Кузнецов маълумотеро мисол меорад, ки номи деҳа аз мазори Бобои-дархон гирифта шудааст. Авлиёеро, ки дар мазор дафн карда шудааст, эҳтимол Баҳодур-хон, ё тавре ки Н.Г.Маллицкий пешниҳод кардааст, Бобои-дархон меномиданд [П.Е.Кузнецов, 1915, с.9]. Пайдоиши номи деҳа аз номи мазор эҳтимоли бештар дорад

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа 2 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, таваллудхона, дармонгоҳ, китобхона, клуб, боғчаи бачагон, 2 чойхона, 12 нуқтаи савдои хусусӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ ва хоҷагии деҳқонӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва чорводорӣ.

Заминҳо аз сойи Понғоз обёрӣ мешаванд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

ҚАБРИСТОНИ БОБОДАРХОН, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 3—2 то м.—а-ҳои 5—6 м., ки дар қисмати ғарбии деҳаи Бободархони p-ни Ашти вил. Ленииобод воқкеъ аст. Қабристон с. 1954 кашф шуда буд. С. 1955 онро бостоншииосони Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷ. таджик, карданд. Ду намуди қурум ошкор гардид; теппаҳои гуруҳи якум шакли муайяни геометрӣ надоранд. Дар байни ин қабил теппаҳо гури чоркунҷа ҳаст, ки онро бо тахтасанги калон пушонидаанд. Гурхонаи гуруҳи дуюми қурумҳо байзашакл буда, сақфаш муқаррарист. Кенотафҳо (кабрҳои бемайит) низ дучор меоянд. Аз қабрҳо асбобу анҷоми зиёди биринҷӣ (ҳалқаҳо, ангуштаринҳо, пораҳои оинаҳо), маснуоти оҳанин (сагаки тасма, пайконҳо, кордҳо), зарфҳои сафолӣ, чархдук, муҳраҳои сангину шишагӣ ва ғ. ёфт шуданд.

Ад.: ЛитвинскийБ. А., Курганы и нурумы Западной Ферганы, М., 1972.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]