Бобоев Мирзо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бобоев Мирзо
БОБÒЕВ Мирзо
Санаи таваллуд:

5 июл 1926(1926-07-05) (92 сол)

Зодгоҳ:

ш. Кӯлоб

Мамлакат:
Санаи марг:

9 май 2016(2016-05-09)

БОБÒЕВ Мирзо (5.7.1926, ш. Кӯлоб), арбоби ҳизбию давлатӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971).

Зиндагинома[вироиш]

Сол­ҳои 1944–50 хидмат дар Артиши Шӯравӣ, 1950–52 нозири Вазорати маҳсулоттайёр­ку­нии ИҶШС дар вил. Кӯ­лоб, 1952–53 муовини намо­ян­да ва намояндаи Вазорати маҳсу­лот­тайёркунии ИҶШС дар ноҳ. Данғара ва Ховалинг, 1953–54 сардори шуъбаи ки­шо­вар­зӣ ва маҳсулоттайёр­ку­нии ноҳ. Ховалинг, 1955–56 раиси ко­миҷроияи ноҳ. Ховалинг, 1956–57 мудири шуъ­баи комитети ҳизбии ноҳ. Темурмалик, 1957–58 муовини раиси комиҷроияи ноҳ. Совет (ҳоло Темурмалик), 1958–62 шунавандаи мактаби олии ҳиз­бии ш. Тошканд, 1962–63 директори хоҷагии «Муъми­нобод»-и ноҳ. Кӯлоб. 1963–64 раиси комиҷроия, 1964–65 котиб ва 1965–73 котиби якуми комитети ҳизбии ноҳ. Восеъ, 1973–1983 котиби КМ ҲК Тоҷикистон, 1983–87 муовини Раиси Шӯрои Вазирон, раиси Госплани ҷумҳу­рӣ буд. Б. барои пешрафти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ хидматҳои арзанда намуда, дар таҳияву тарҳрезии ободонии минтақаҳои кӯҳистон, пешбурди боғу токпарварӣ саҳм гузоштааст. Аз с. 1986 нафа­қагири шахсӣ. Дар матбуоти даврӣ оид ба мушкилот ва пешбурди соҳаи кишоварзӣ чандин мақолаи муҳим дарҷ намудааст. Ҳамчун воқеанигор ва публисист низ доир ба талошу пайкарҳои овони истиқлол ва бурду бохти даврони рукуду бозсозӣ, мушкилоту ҳангомаҳои давлатсозии навини тоҷикон китобҳои зеринро институтишор кардааст: «Сатрҳо аз зиндагӣ» (2000), «Андешаҳо» (2007), «Чаро камбизоатем» (2012) ва «Взгляд» (русӣ, 2006). Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 7–9). Бо орденҳои Ленин, Револютсияи Ок­тябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Ифтихор­номаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Сарчашма[вироиш]

  • Б. Абдураҳмонов.

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2