Шуҳрат Мавлонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шуҳрат Бобомуродов
Бобомуродов Шуҳрат Мавлонович
Таърихи таваллуд 18 май 1983(1983-05-18) (40 сол)
Зодгоҳ Панҷакент, вилояти Суғд
Фазои илмӣ филология
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2006)

Шуҳрат Мавлонзода (Бобомуродов Шуҳрат Мавлонович; тав. 18 майи соли 1983, Панҷакент, вилояти Суғд) — забоншинос, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шуҳрат Бобомуродов 18 майи соли 1983 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 2001 мактаби миёна, соли 2006 факултети филологияи тоҷик, соли 2010 шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Хусусиятҳои морфологии забони ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф» соли 2011 дифоъ намудааст.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 2008—2014 котиби илмии кафедраи забони адабии муосири тоҷики факултети филологияи ДМТ; аз соли 2011 раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети филологияи ДМТ; аз соли 2016 то ҳол муовини декан оид ба илми факултети филологияи ДМТ.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои хидматҳои бенуқсон дар соҳаи илму маориф бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Ифтихонома»-и Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]