Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бобосаид Ятимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобосаид Ятимов
Таърихи таваллуд 8 марти 1955(1955-03-08)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 июни 2016(2016-06-13) (61 сол)
Шаҳрвандӣ
Пеша ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо
Ҷоизаҳо
IMDb ID 1111367

Бобосаид Ятимов (8 марти 1955, деҳаи Лучоб, ноҳияи Варзоб — 13 июни 2016) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи МирзоТурсунзода (1976). Муддате дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд ҳунар озмуда, аз соли 1978 чун актёри Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов фаъолият доштааст.

«Эй ҷавонӣ, ҷавонӣ», «Хуршедсавор», «Рӯдакӣ», «Дилшод», «Алафҳои бегона», «Сухани зиндагӣ», «Дар ҷустуҷӯи бахт», «Донаки сеҳрнок», «Бодомҳои дандоншикан» аз зумраи намоишно¬маҳоанд, ки истеъдодаш дар онҳо зуҳур намудааст. Бисёр саҳнаю намоишномаҳои телевизион аз ҳунараш рангу бӯи тоза гирифтаанд. Дар филмҳои бадеии «Девбод», «Бухорои Шариф», «Ҷосус» ва ғайраҳо нақш бозидааст.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.