Бобоҷон Азизов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бобоҷон Азизов
Бобоҷон Азизов.jpg
Иттилооти асосӣ
Санаи таваллуд

1950

Зодгоҳ

Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон

Кишвар

 Тоҷикистон

Касб(ҳо)

сароянда

Ҷоизаҳо

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996)
Ордени Дӯстӣ — 1998
Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон

Бобоҷон Азизов (тав. 26 июни 1950, Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — сарояндаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1971). Дар хизмати низомӣ (1972—1974). Корманди Хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб (1974—1976), сарояндаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи С. Вализода (1976—1989). Аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли «Навои Хатлон». Дар эҷоди суруду оҳангҳо сабки хоса дорад.

Овозхонӣ[вироиш]

Сурудҳои «Дилҳо нишона карда» (ғазали Мушфиқӣ), «Ёди Ватан» (ғазали Махфӣ), «Ҳарфи дигар мазан» (шеъри Ҳ. Ғоиб), «Нолаи Кова» (шеъри Лоиқ, оҳанги А. Баротов), «Хорӣ макун» (шеъри С. Аюбӣ), «Модар» (шеъри Ф. Ансорӣ, оҳанги А. Баротов), «Ту ширинлаб» (ғазали А. Ҷомӣ, оҳанги Ф. Одинаев) ва ғайра ки Бобоҷон Азизов сурудааст, хеле дилнишинанд.

Театр[вироиш]

Бобоҷон Азизов маҳорати хуби актёрӣ низ дорад; дар як зумра намоишҳо нақшҳои асосиро бозидааст: Муҳаммадалии Ашқар («Карим Девона»-и Т. Аҳмадхонов), Фарҳод («Хусрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ) ва ғайра.

Ҷоизаҳо[вироиш]

Дорандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ҳофизони ҷавон (1979), иштирокчии Фестивали умумииттифоқии театрҳои халқӣ дар шаҳри Москва (1969), Фестивали умумиҷаҳонии театрҳои халқӣ дар шаҳри Кишинёв (1970) ва Ярмаркаи умумиҷаҳонии Лейпсиг (РДГ, 1983).

Бо ордени Дӯстӣ (1998) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Адабиёт[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]

Сарчашма[вироиш]