Карл Богданович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Богданович, Карл Иванович)
Карл Богданович
лаҳӣ: Karol Bohdanowicz
Таърихи таваллуд 17 (29) декабр 1864
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 июн 1947(1947-06-05)[1] (82 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ заминшиносӣ, economic geology[d][2], нафт[2], hydrogeology[d][2] ва field research[d][2]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Ivan Mushketov[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Карл Ива́нович Богдано́вич (29 ноябри 1864, Люсин, Русияи подшоҳӣ — 5 июни 1947, Варшава, Лаҳистон) — заминшиноси лаҳистонӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти кӯҳкории Петербург (1886). Солҳои 1901—1917 корманди Кумитаи геологии Россия (аз 1914 директор), ҳамзамон профессори Институти кӯҳкории Петербург (1902—1919) буд. То соли 1919 дар ноҳияҳои гуногуни қисми аврупоии Россия, Осиёи Марказӣ, Сибир, Камчатка, Қафқоз таҳқиқоти геологӣ анҷом додааст. Карл Богданович солҳои 1889—1890 дар ҳайати экспедитсияи Ҷамъияти географии рус (роҳбараш М. В. Певсов) дар як қатор ноҳияи байни Иссиқкӯлу Помири Шарқӣ ва Тиббат таҳқиқот анҷом дод. Натиҷаҳои таҳқиқоти геологии ӯ дар Осиёи Марказӣ дар асарҳояш: «Помир ва Лоб-Нор» (1900), «Туркистон» (1918), «Таҳқиқоти геологӣ дар Туркистони Шарқӣ» (1892), ки ба забони русӣ таълиф шудаанд, акс ёфтаанд. Дар асарҳои дигари ӯ оид ба конҳои маъдан (1912—1913) ва геологияи нафт (1931) ахбори муфассал дода шудааст. Асарҳои ӯ оид ба таҳқиқи Осиёи Миёна дар соҳаи зилзилашиносӣ саҳми калон дошта, тарҳи тектоникии минтақаи мазкурро муайян кардаанд. Аз соли 1919 профессори Академияи кӯҳкории Краков, директори Институти давлатии геологии Варшава ва дар охири умр роҳбари Хадамоти корҳои геологии ҶХП буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]