Бодбодакбоз (филм)
англ. The Kite Runner | |
Жанр | филми диром[2][3] ва film based on a novel[d] |
Коргардон | |
Таҳиякунанда | |
Муаллифи филмнома |
|
Наворбардор | |
Оҳангсоз | |
Ширкати синамоӣ | DreamWorks, Paramount Vantage[d][5] ва Participant[d] |
Давомнокӣ | 128 дақиқа |
Буҷет | 20 000 000 $ |
Ҳазина | 73 200 000 $ |
Мамлакат | |
Забон | дарӣ, инглисӣ, форсӣ[9][10], урду[11] ва пашту |
Сол | октябри 2007 ва 17 январ 2008[1] |
IMDb | ID 0419887 |
Сайти расмӣ(англ.) |
«Бодбодакбоз» (англ. The Kite Runner) — филме бар асоси румони ба ҳамин ном аз Холид Ҳусайнӣ ва ба коргардонии Марк Фустер аст, ки дар соли 2007 номзади дарёфти Ҷоизаи Оскар шуд.
Ҳарчанд бахши умдаи достони филм дар Афғонистон рӯй медиҳад, бо ин ҳол филмбардории ин қисматҳо ба далели мулоҳизоти амниятӣ дар хориҷи Афғонистон ва дар шаҳри Кошғари Чин анҷом шудааст. Бештари диалогҳои филм ба форсии дарӣ ва қисматҳои кӯтоҳе аз он низ ба забони инглисӣ аст. Бозигарони хурдсоли ин филм ҳамагӣ бумӣ ҳастанд, вале бозигарони бузургсол маҷбур буданд, дар ҷараёни филмбардорӣ таҳти омӯзиши забони форсии дарӣ қарор гиранд.
Достон
[вироиш | вироиши манбаъ]Достон дар бораи кӯдаки хушбахти сокин дар маҳаллаи Вазир Акбархони Кобул, ба номм Амир аст, ки ба хотири раҳо кардани дӯсташ Ҳасан, писари хидматкори падараш заҷр мекашад. Достони филм дар воқеъ эътирозе ба ошӯбҳо ва беназмиҳои чанд даҳаи ахири Афғонистон аз ҳукумати салтанатии Афғонистон гирифта, то ҳамлаи неруҳои Шӯравии собиқ ва муҳоҷирати дастаҷамъии афғонистониҳо ба Покистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ниҳоятан ҳукмронии режими толибон бар Афғонистон аст.
Бозигарон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Холид Абдуллоҳ — Амир
- Закариё Иброҳимӣ — Амири ҷавон
- Аҳмадхон Маҳмудзода — Ҳасани ҷавон
- Ҳумоюн Аршадӣ — Оғо Соҳиб (Бобо)
- Атосса Лионӣ — Сурайё
- Шон Туб — Раҳим Хон
- Саид Тағмавй — Фарид
- Сайид Ҷаъфар Масеҳулло Ғарибзода — Умар
- Илҳам Эҳсос — Осифи ҷавон
- Холид Ҳусайнӣ — ҳамчун доктор дар парк (камео)
Ҷоиза ва номинаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷоизаи Оскар — 2008
- Беҳтарин мусиқии филм: Алберто Иглесиас (номзад)[12]
Ҷоизаи Глобуси тилоӣ — 2008[13]
- Беҳтарин мусиқии филм — Алберто Иглесиас (номзад)
- Беҳтарин филми хориҷӣ (номзад)
Ҷоизаи BAFTA — 2008[14]
- Беҳтарин филми ғайриинглисӣ — Вилям Ҳорберг, Уолтер Ф. Паркс, Ребекка Йелдхэм, Марк Форстер (номзад)
- Беҳтарин филмномаи мутобиқшуда — Дэвид Бениоф (номзад)
- Беҳтарин мусиқии филм — Алберто Иглесиас (номзад)
- Беҳтарин филмномаи мутобиқшуда — Дэвид Бениоф (номзад)
- Беҳтарин мусиқии филм — Алберто Иглесиас (Ҷоиза)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Lexicon of international films (нем.) — Zweitausendeins.
- ↑ 2.0 2.1 http://www.imdb.com/title/tt0419887/
- ↑ http://www.metacritic.com/movie/the-kite-runner
- ↑ http://www.allocine.fr/film/fichefilm_gen_cfilm=57735.html
- ↑ 5.0 5.1 http://stopklatka.pl/film/chlopiec-z-latawcem
- ↑ http://www.sinemalar.com/film/2944/ucurtma-avcisi
- ↑ http://www.filmaffinity.com/en/film943029.html
- ↑ http://www.nytimes.com/2007/12/12/movies/12kimm.html
- ↑ http://www.rogerebert.com/reviews/the-kite-runner-2007
- ↑ http://instantwatcher.com/genres/260
- ↑ http://www.tulumba.com/storeItem.asp?ic=VIFR005036
- ↑ Academy Awards Database: The Kite Runner
- ↑ Goldenglobes.com. Winners & nominees: The Kite Runner
- ↑ BAFTA Awards Search: The Kite Runner
- ↑ IMDb: The Kite Runner (2007) Awards
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Бодбодакбоз»(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
- Баррасии филм дар Variety(англ.)
- Баррасии филм дар The Hollywood Reporter(англ.)