Бодинҷондӯлма

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Бодинҷондӯлма навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Бодинҷонро шуста, думчаҳояшро бурида мепартоянд. Баъд ба дарозиаш дукафон карда, бо қошуқча тухмҳояшро мегиранд. Пиёз, сабзӣ, кабудӣ, помидору сирпиёзро реза карда, намак мепошанд ва дар равған таф медиҳанд. Баъди пухтан ба даруни бодинҷон қимаи сабзавотӣ андохта, ҳар кадоме онро бо ришта мебанданд, то ки кушода шуда қимааш нарезад. Дар деге, ки аз помидор, картошка, пиёзу равған ва об қайла тайёр карда шудааст, бодинҷонҳоро болои ҳам чида, дегро сарпӯш мекунанд ва дар оташи паст мепазанд. Дӯлмаи тайёрро бо таомҳои гӯштӣ ё худашро чун хӯриш истеъмол мекунанд.

Барои 1 кг бодинҷон 500 г сабзӣ, 300 г пиёз, 1 бандча кабудӣ, 100 г равғани растанӣ, 1 дона сирпиёз, 2-3 помидор ё як қошуқ хамираи помидори пухта ва мувофиқи табъ намаку адвиёт лозим аст.[1]

Нигаред[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Таббохӣ/ Бодинҷондӯлма