Бодиринг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Бодиринг
ARS cucumber.jpg
Меваи бодиринг
Таснифоти илмӣ
Номи байналмиллалии илмӣ

Cucumis sativus L., 1753

Wikispecies-logo.svg
Систематика
дар Викинамуд
Commons-logo.svg
Акс
дар Викианбор
ITIS   22364
NCBI   3659
EOL   584402
Меваи бодиринг

Бодиринг (лотинӣ: Cucumis sativus) — растании полизии яксола. Ватани бодиринг Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. Дар замони ҳозира қариб дар тамоми дунё парвариш карда мешавад. Бодиринг зироати гармидӯст аст, вале аз сабаби кӯтоҳ будани вақти нашъунамояш дар минтақаҳои шимолӣ низ кишт карда мешавад.

Тавсифоти ботаникӣ[вироиш]

Дарозии палакаш 1,5 – 2 м. Баргаш дандонадор, гулаш қифшакл. Мевааш дарозу борик, сабз; ҳангоми пурра пухта расидан, зарди тӯрдор мешавад. Бодирингро барои тархӯрӣ ва очоронидан, инчунин дар хӯришҳо истифода мебаранд. Таркиби бодиринг аз сафеда, қанд, клетчатка, оҳар, кислотаҳои органикӣ, витаминҳои В, С, РР, Е, микроэлементҳо иборат аст.

Хосияти шифоӣ[вироиш]

Дар тибби қадим табиати бодирингро сарду тар меҳисобанд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино Б. таб ва ташнагиро мешиканад, пешобро меронад, меъдаро қувват мебахшад, ҳангоми бемориҳои ҷигар муфид аст. Ба саглес гузошта бастани барги асалмолидаи Б. нафъ дорад. Ба ақидаи Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ Б. ҷисмро тоза ва сард мекунад, барои меъдаи гарм ва илтиҳоби масона муфид аст, шикамро нарм месозад, пешоб ва санги гурдаю масонаро меронад. Тухми Б. низ давои пешоброн аст, қабзиятро кушода рагҳоро тоза мекунад. Вале он бод ҳосил карда боиси сар задани қуланҷ мегардад. Барои бартараф намудани таъсири номатлуби Б. онро бояд якҷоя бо кашниҷ, шибит, сирко, асал ё зира истеъмол кард. Табибони халқӣ Б.-ро чун ғизои парҳезӣ, исҳоловар, пешоброн, талхарон, иштиҳоовар ба кор мебаранд. Оби Б., нақеъи обии тухм ва пӯсти он барои равондани доғи кунҷитак ва гармича нафъ дорад. Табибони халқии тоҷик бо ҷӯшоби решаи Б. зардпарвинро муолиҷа менамоянд. Оби бо асал омехтаи Б. илоҷи сулфа аст. Истеъмоли Б. тарашшӯҳи шираи меъда ва талхаро зиёд, кори узвҳои ҳозимаро беҳтар, қабзиятро пешгирӣ мекунад. Истеъмоли Б. хусусан барои одамони гирифтори иллати ҷоғар ва дарди санги пешобдон муфид аст. Се рӯз пай дар ҳам пӯсти Б.-и тару тозро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, зардпарвинро дафъ мекунад. Тухми Б.-ро кӯфта гузошта банданд, сӯзиши меъда ва дигар узвҳои шикам ва даруни синаро таскин медиҳад, барои қӯтур, хушк шудани пӯст, аллергия, хориши бадан нафъ меорад; агар онро ба зери ноф гузошта банданд, пешоби бандшударо мекушояд. Б.-и очоронида ва намакин низ серғизо мебошад, вале бинобар зиёд кардани тарашшӯҳи шираи меъда ба ашхоси гирифтори гастрит, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта зарар дорад. Аз Б. барои пардози пӯсти рӯ лосёнҳои гуногун таҳия карда мешаванд. Баъди истеъмоли Б. нӯшидани оби хунук ё газдор, лимонад, шир ҷоиз нест. Модарони ширхорадор низ бояд ҳангоми истеъмоли Б. эҳтиёт бошанд, зеро бисёр моддаҳои таркиби он ба шири сина мегузаранд ва имкон доранд, ки кӯдакро дарунрав созанд.

Адабиёт[вироиш]

  • Юсуф Нуралиев, Лекарственные растения, Д., 1988;
  • Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Манбаъ[вироиш]

Нигаред[вироиш]

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».