Бозпеч (бозӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бодпеч (бозӣ))

Бозпеч, алвончак, арғунчак — як навъ бозии анъанавии духтарон, ки дар айёми Наврӯз ё дигар идҳо духтарону занон ва ҷавонон ба он нишаста, дар ҳаво пешу қафо мерафтанд. Б-ро аз таноб ё арғамчине, ки ба шохи дарахт ё ҷойи баланд баста шудааст, барои савор шудану алвонҷ хӯрдан месохтанд. Дар замонҳои пеш бозпеч як василаи хуби бозӣ будааст, ки дар он хурдсолону ҷавонон байни худ мусобиқа мекардаанд. Аз ин рӯ баъзеҳо, ҳамчун бозигари моҳири бозпеч, дар алвонҷ хӯрдан маҳорати баланд доштанд:

Зи ток хӯша фурӯ ҳиштаву зи бод навон,
Чу зангиёне бар бозпеч бозигар.

Абулмасали Бухороӣ

Аз замонҳои қадим то имрӯз дар байни мардуми тоҷик як навъ бозпеч роиҷ аст, ки дар шакли чаҳорчӯби росткунҷа буда, ба он тахта, кампал ё ҷомае васл карда, онро ба ду сутун ва ё тани ду дарахт мебанданд. Дар чунин бозпеч кӯдакро ба монанди гаҳвора гузошта, бо даст такон медиҳанд. Бозпеч дар маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон бо номҳои ҳой, ҳайбод, алвенҷак, арғунчак, бодпеч, вулчак ғ. маъмул буда, чун усули бозии шавқовар дар байни кӯдакону наврасон маъмул аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]