Бодӣ (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бодӣ (шоир)

Бодӣ (форсӣ: بادی‎, с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (а. 16).

Зиндагинома[вироиш]

Дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибии Самарқандӣ, «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Хоҷа Ҳасани Нисории Бухороӣ ва диг. манобеи адабӣ оид ба ин шоир маълумот дарҷ гардидааст. Дар зодгоҳаш Кашмир таҳсилро оғоз намуд ва барои такмили дониш, махсусан улуми адаб (арӯз, қофия, бадеъ ва ғ.) ба Бухоро омад. Дӯсту ҳамнишини тазкиранигор Нисорӣ шуд. Дар маҳфилҳои адабие, ки дар хонаи ӯ баргузор мегардиданд, пайваста ширкат меварзид. Аз девон доштанаш иттиллоъ дода нашудааст, вале намунаҳои ашъораш, махсусан рубоиёташ, дар маъхазҳои адабӣ сабт гардидаанд.

Намунаи ашъор[вироиш]

Абёти зерин аз ӯст:

Умре ҳаваси висоли ҷонон кардем,
Дил аз пайи ину он парешон кардем.
Дидем, муроди ӯст маҳҷурии мо,
Тарки ҳама карда, рӯ ба ҳиҷрон кардем.
                ***
Моем ба дарди ошиқӣ сохтагон,
Дар роҳи талаб хонабарандохтагон.
Дар шамъи ҷамоли ёр парвонасифат
Оташ ба худии худ дарандохтагон.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]