Jump to content

Бозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бози)
Бозии кӯдакон

Бозӣ — яке аз навъҳои асосии фаъолияти ҷисмию зеҳнӣ, ки дар инкишофи ҳамаҷонибаи фардии кӯдакон муҳим аст.

Аҳаммияти бозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар бозӣ талаби ба олами атроф таъсир расондани кӯдак зоҳир гардида, сифатҳои фикрӣ, ахлоқӣ ва иродавиаш ташаккул меёбанд. Бозӣ дар кӯдак ҳамчун шакли баамалбарории фаъолият хидмат менамояд. Амалҳои бозӣ дар кӯдакон дар натиҷаи тақлиди онҳо ба рафторҳои калонсолон ҳангоми муошират ташаккул меёбанд. Бозиҳо бештар хусусияти коллективӣ доранд. Дар бозиҳои дастаҷамъӣ коллективи бачаҳо ба вуҷуд омада, сифатҳои дӯстӣ ва ҳамкории онҳо инкишоф меёбад. Бозиҳои гуногуни серҳаракат ва дидактикӣ ба дарки сифатҳои алоҳидаи ашё, инкишофи мушоҳидакорӣ, хулосабарорӣ ва дигар тарафҳои фаъолияти фикрӣ мадад мерасонанд. Кӯдак дар бозӣ хусусиятҳои барояш номаълуми ашёро дониста, тадриҷан ба дарки таъсири байниҳамдигарӣ ва вазифаи ашё мерасад. Ҳамаи бозиҳои дастаҷамъона, ки иҷрои онҳо риоя кардани қоидаи муайянро талаб мекунад, ба тарбияи ирода ва талабҳои умум итоат кунондани маҳорати бача ёрӣ мерасонад. Мазмуни бозӣ бо инкишофи кӯдак низ тағйир меёбад. Дар синни хурди мактабӣ бачаҳо ба сифатҳои ҷасоратнокӣ, пурқувватӣ, чолокии одамон тақлидкунон бозӣ мекунанд. Дар синни миёнаи мактабӣ (хусусан дар 11-14-солагӣ) бозиҳои дорои мазмуни романтикию қаҳрамонӣ аҳаммияти бештар пайдо менамоянд. Дар ин синну сол бозиҳо дар худтарбиякунии бачагон нақши бузург мебозанд.

Навъҳои бозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бозиҳо сужетнок, варзишӣ, дидактикӣ, бинокорӣ, конструкторӣ ва ғайра мешаванд. Бозиҳои калонсолон (масалан, варзишӣ) дар инкишофи шуури кӯдакон ва наврасон фаъолона таъсир мерасонанд. Бозиҳои таълимӣ (корӣ, сужетӣ-нақшӣ) низ мавҷуданд, ки солҳои охир дар раванди омӯзиш васеъ истифода мешаванд ва дар худ хусусиятҳои фаъолияти бозӣ ва таълимиро низ таҷассум мекунанд.

  • Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. Д., 1988;
  • Қодиров Қ. бозӣ, Давлатов М. Т., Расулов С. Х.
  • Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Д., 2008.