Бозии тақлид (филм)
Бозии тақлид | |
|---|---|
| англ. The Imitation Game | |
| Жанр | Драмаи таърихӣ |
| Коргардон | Мортен Тилдум |
| Таҳиякунанда |
Нора Гроссман Идо Островски Тедди Швартсман |
| Муаллифи филмнома |
Грем Мур |
| Дар нақшҳои асосӣ |
Бенедикт Камбербетч Кира Найтлӣ |
| Наворбардор | Оскар Фаура |
| Оҳангсоз | Александр Деспла[1] |
| Ширкати синамоӣ |
Black Bear Pictures Bristol Automotive |
| Давомнокӣ | 114 дақиқа |
| Буҷет | 14 млн $[2] |
| Ҳазина | 233 555 708 $[3] |
| Мамлакат |
|
| Забон | забони инглисӣ |
| Сол | 2014 |
| IMDb | ID 2084970 |
| Сайти расмӣ(англ.) | |
«Бозии тақлид» (англ. The Imitation Game) — филми амрикоӣ дар жанри драмаи таърихӣ дар бораи рамзнигори давраи ҷанг Алан Тюринг мебошад, ки рамзи мошинаи олмонии «Энигма»-ро дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шикаст.
Филмро коргардон Мортен Тилдум[4] аз рӯи сенарияи Грем Мур[5], бар асоси китоби тарҷумаҳолии «Алан Тюринг: Энигма» навиштаи Эндрю Ҳоҷес таҳия кардааст. Нақши асосиро Бенедикт Камбербетч иҷро кардааст.
Достон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тӯли Ҷанги ҷаҳонии дуввум, вақте ки артиши харобкори Ҳитлер, кишварҳои урупоиро яке пас аз дигаре ишғол ва нобуд мекард ва Лондон зери ҳамлаҳои сангини нозиҳо қарор дошт, гурӯҳе аз нобиғаҳо ва риёзидонҳо, аз ҷумла Алан Тюринг, аз ҷониби давлати Британия ба кор ҷалб карда мешаванд, то кори ба назар номумкинро анҷом диҳанд: шикастани рамзҳои мошинҳое, ки «Энигма» ном доранд ва нозиҳо тавассути онҳо паёмҳои махфии худро ба ҳамдигар мефиристанд. Аммо кор он қадар осон пеш намеравад. Ихтилофу баҳсҳои аъзои гурӯҳ бо Алан, ки исрор мекунад бо сохтани як мошини махсус рамзи Энигмаро бишканад, лоиҳаро қариб ба нокомӣ мебарад. Бо вуҷуди ин, вақте ки духтари нобиғае бо номи «Ҷоан» ба гурӯҳ ҳамроҳ мешавад, таҳқиқот ба самти нави умедбахш равона мегардад…
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Alexandre Desplat Takes Over Scoring Duties on ‘The Imitation Game’. Film Music Reporter (17 июни 2014).
- ↑ Keira Knightley to Star Opposite Benedict Cumberbatch in 'Imitation Game' - The Hollywood Reporter.
- ↑ The Imitation Game (2014). Box Office Mojo.
- ↑ Tyldum Leaves TORDENSKIOLD Biopic Afloat. Instead, Will Decrypt THE IMITATION GAME. | Twitch. 23 марти 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 марти 2016.
- ↑ Warner Bros Sets Black List Top Scribe Graham Moore For 'Devil In The White City'; Leonardo DiCaprio To Play Serial Killer — Deadline.com.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Бозии тақлид»(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database