Бозил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бозил

Бозил (форсӣ: باذل‎, Мирзо Муҳаммадрафеъ ибни Мирзо Маҳмуди Машҳадӣ; ? — 1173) — ходими давлатӣ ва шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш аз Машҳади Эрон ба Ҳинд омада, дар хидмати давлат буд, баъдан писараш Бозил низ ба корҳои давлатӣ машғул шуд. Бозил, чунонки дар маъхазҳои адабӣ омадааст, шоири ғазалсаро буд, вале маснавии ҳамосавии «Ҳамлаи Ҳайдарӣ» ба ӯ маъруфияти бештар овард. Маснавии мазкур бар вазни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар умури динии Муҳаммад (с) ва хулафои рошидин бар мабнои «Маъоризу-н-нубувват мадориҷу-л-футувват»-и Муинуддин Мискини Фароҳӣ (фавт 1547) дар 28 ҳазор байт нигошта шудааст. Маснавии Бозил нотамом мебошад. Бозил қиссаи худро то замони вафоти халифа Усмон (р. а.) расондааст. Дар асрҳои 17-18 шоирони Эрон ва шоирони форсизабони Ҳиндустон дар ҳудуди 5 ҳазор байт ба навиштаи Бозил илова кардаанд. Аз Бозил инчунин асари мансур «Насри Бозил ё Иншои Бозил» (дастнависаш маҳфуз дар Осорхонаи миллии Покистон, шумораи NM, 1963—266), «Эътиқодия» — 15 банд ҳамду наът дастрас гардидаанд. Девони ашъораш пайдо нашудааст. Абёти зерин намунаи шеъри ӯянд:

Чӣ нишот бода бахшад ба мани хароб бе ту,
Ба дили гирифта монад қадаҳи шароб бе ту.
Ту чунон рамидӣ аз ман, ки ба хоб ҳам наёӣ,
Ба кадом умедворӣ биравам ба хоб бе ту.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]