Бозиҳои варзишӣ
Бозиҳои варзишӣ — навъи бозиҳои мусобиқавӣ. Бо ягон олоти варзишӣ (масалан, тӯби варзишӣ) бо истифода аз усулҳои техникию тактикӣ ба дарвоза ё майдончаи ҳариф задан ё партофтани тӯб.
Мазмун
[вироиш | вироиши манбаъ]Мазмуну ташкили бозиҳои варзишӣ ба тавассути қоидаҳои расмӣ ба низом медарояд. Аксарияти бозиҳои варзишӣ аз маҷмӯи ҳаракатҳои табиӣ, машқҳои ҷисмонӣ (дав, ҷаҳиш, партофтан, зарба задан ва ғайра) иборатанд. Бозигар ҳангоми қувваозмоӣ бо ҳарифаш аз онҳо истифода мебарад ва қувваозмоӣ бо ғолибият анҷом меёбад. Дар бисёр бозиҳои варзишӣ варзишгарон бевосита алоқамандона қувваозмоӣ мекунанд. Бозиҳои варзишӣ аз сабаби содагии мазмун ва ташкил ба ширкатдорону тамошобинон таъсири эҳсосотӣ (эмотсионалӣ) расонидан васеъ паҳн шудаанд.
Наъҳои бозиҳои варзишӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бозиҳои варзишӣ тимӣ (масалан, волейбол, гандбол, ҳамаи намудҳои хоккей), инфиродӣ (мас., шоҳмот, шашка) ва тимию инфиродӣ (масалан, бадминтон, голф, тенниси рӯйи миз, теннис) мешаванд. Бозиҳои варзишӣ дар байни одамони ҷинс ва синну солашон гуногун паҳн шудаанд. Одатан баъзе намудҳои бозиҳои варзишӣ қувваи зиёди ҷисмониро тақозо доранд (масалан, тӯббозӣ дар об, регби, хоккей).
Қоидаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Қоидаҳои баргузор намудани бозиҳои варзиширо федератсияҳои байналмилалии дахлдор таҳия мекунанд. Бозиҳои варзишии миллиро федератсияҳои миллӣ инкишоф дода, мусобиқаҳои миллӣ ва байналмилалӣ доир мекунанд (нигар Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), Федератсияҳои варзишии Тоҷикистон). Аз рӯйи бозиҳои варзишӣ чемпионатҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ, давлатҳои алоҳида баргузор карда мешаванд. Бозиҳои варзишӣ ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил карда шудаанд. Дар як қатор давлатҳо билярд ва баъзе намудҳои қартабозӣ, масалан, бриҷ ва ғайраро бозиҳои варзишӣ мешуморанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бозиҳои варзишӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.