Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бозиҳои зимистонаи олимпии 2026

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
XXV Бозиҳои зимистонаи олимпӣ
Орзуи якҷоя - Ин ҳоли туст
(итол. Sognando insieme - È la tua vibrazione)
(англ. Dreaming Together - IT's Your Vibe)
Логотип
Шаҳр-мизбон Парчами Италия Милан ва Кортина-д’Ампетсо, Итолиё
Кишварҳои иштироккунанда 92
Шумораи варзишгарон 2871 (1533 мард, 1338 зан)
Медалҳои бозӣ 116 маҷмӯъ дар 16 намуди варзиш
Маросими ифтитоҳ 6 феврал
Ифтитоҳ кард президент Серҷо Маттарелла[1]
Маросими пӯшидашавӣ 22 феврал
Машъали олимпӣ Алберто Томба ва Дебора Компаниони (Милан)
София Гоҷа (Кортина)
Савганди олимпӣ Доминик Фишналлер ва Стефания Константини
Варзишгоҳ Сан-Сиро (ифтитоҳ)
Арена ди Верона (пӯшидашавӣ)
Вебгоҳ milanocortina2026.olympics.com(ит.)(англ.)(олмонӣ)(фр.)
 Парвандаҳо дар Викианбор


Бозиҳои зимистонаи олимпии 2026 (англ. 2026 Winter Olympics, фр. Jeux olympiques d'hiver de 2026, итол. XXV Giochi olimpici invernali, номи расмӣ — XXV Бозиҳои зимистонаи олимпӣ) — чорабинии байналмилалии варзишӣ мебошад, ки аз 6 то 22 феврали соли 2026 дар Италия, дар минтақаҳои Венето ва Ломбардия баргузор мегардад.

24 июни соли 2019 Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар иҷлосияи 134-уми худ дар Лозанна (Швейтсария) эълон кард, ки XXV Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳрҳои Милан ва Кортина-д’Ампетсо баргузор мешаванд. Ташкилкунандагон ба рушди устувор афзалият дода, зиёда аз 90 фоизи иншооти мавҷуда ё муваққатиро истифода бурданд.[2]

Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни омодагӣ Кумитаи тадорукот бо мушкилот рӯ ба рӯ гардид, аз ҷумла баҳсҳо атрофи сохтмони роҳи нави санно-бобслей дар Кортина-д’Ампетсо, ки бо ҳолатҳои харобкорӣ ва интиқоди ҳомиёни муҳити зист ҳамроҳ буд.[3]

Ин бозиҳо чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ дар Италия ва аввалин бозиҳо дар шаҳри Милан хоҳанд буд (Кортина-д’Ампетсо қаблан мизбони Бозиҳои зимистонаи олимпии 1956 буд). Бозиҳои соли 2026 аввалин Бозиҳои зимистона мебошанд, ки ду шаҳр расман мизбонӣ мекунанд. Ҳамчунин, бори аввал пас аз Бозиҳои зимистонаи олимпии 1984 дар Сараево, маросими кушодашавӣ ва маросими пӯшидашавӣ дар ҷойҳои гуногун баргузор мегарданд.

Бори аввал дар таърихи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ мусобиқаҳои ски-алпинизм ба барнома ворид карда шудаанд.[4]

Интихоби мизбон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз даст кашидани чанд Кумитаи миллии олимпӣ аз номзадӣ (аз ҷумла Швейтсария — Сон, Австрия — Гратс ва ҶопонСаппоро), дар сабқат ду номзад боқӣ монданд: Шветсия (Стокҳолм—Оре) ва Италия (Милан—Кортина-д’Ампетсо).[5]

Комиссияи арзёбии Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз ҳар ду кишвар боздид намуда, омодагии техникӣ ва дастгирии ҷомеаро баҳогузорӣ кард.[6]

24 июни соли 2019 дар иҷлосияи 134-уми КБО дар Лозанна шаҳрҳои Милан ва Кортина-д’Ампетсо расман ҳамчун мизбони Бозиҳои зимистонаи олимпии 2026 интихоб шуданд.[7]

Буҷети Бозиҳои зимистонаи олимпии 2026 тақрибан 1,7 миллиард евро арзёбӣ мешавад.[8] Маблағгузорӣ аз чанд манбаъ амалӣ мегардад. Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) барои пӯшонидани хароҷоти ташкилӣ ва амалиётӣ тақрибан 925 миллион доллари ИМА ҷудо намудааст.[9]

Сармоягузории давлатӣ тақрибан 60 фоизи маблағи умумиро ташкил дода, аз ҳисоби буҷети давлатии Италия, минтақаҳои Ломбардия ва Венето, инчунин аз фондҳои сохтории Иттиҳоди Аврупо таъмин карда мешавад.[10]

Ҳиссаи бахши хусусӣ зиёда аз 400 миллион евроро дар бар мегирад, ки аз ҳисоби сарпарастӣ, инчунин даромад аз ҳуқуқи пахш, фурӯши билетҳо ва маҳсулоти рамзӣ (мерчендайзинг) ба даст оварда мешавад.[11]

Ширкаткунандаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Милан ва Кортина-д’Ампетсо варзишгарон аз 93 КМО роҳхат гирифтанд. Иштироки тақрибан 2900 варзишгар, ки миёни ин кумитаҳо тақсим шудаанд, пешбинӣ мегардид.[12]

Се кишвар бори нахуст дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ иштирок намуданд: Бенин, Гвинея-Бисау ва Аморати Муттаҳидаи Араб.[13] Кишварҳои Венесуэла, Кения, Сингапур, Уругвай ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ пас аз танаффус дубора ба Бозиҳо баргаштанд.

Бо сабаби ҳамлаи Русия ба Украина, ки соли 2022 оғоз гардид, Федератсияи байналмилалии лижаронӣ ва сноуборд иштироки варзишгарони Русия ва Беларусро дар марҳилаи интихобӣ барои Бозиҳои олимпии 2026 манъ кард. Ҳамзамон Кумитаи байналмилалии олимпӣ истифодаи парчамҳои Русия ва Беларусро манъ кард ва варзишгарони ин кишварҳо танҳо метавонанд ҳамчун варзишгарони инфиродии бетараф ширкат варзанд.[14][15][16]

Ҳанӯз то оғози Бозиҳо нахустин ҳолати допинг ошкор гардид. Варзишгари италиявӣ дар биатлон Ребекка Пасслер(ит.) аз санҷиш натиҷаи мусбат гирифт ва аз иштирок маҳрум шуд.[17]

  1. Mattarella to open Milan-Cortina Games(англ.). ansa.it (16 October 2025).
  2. Board of Directors approves the lifetime budget(англ.). olympics.com (24 March 2024).
  3. Elvira Pollina, Christian Radnedge. Sliding centre for Italy's 2026 Games hit by sabotage, agency says(англ.). reuters.com (21 February 2025).
  4. Ski mountaineering(англ.). olympics.com.
  5. 2026 host election(англ.). olympics.com.
  6. Report IOC Evaluation Commission 2026(англ.). olympic.org (21 May 2019). 14 феврали 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 октябри 2019.
  7. Robert Livingstone. Lausanne To Host Vote For Winning 2026 Winter Olympic Bid Instead of Milan After Italy Enters Race(англ.). gamesbids.com (20 September 2018).
  8. Milan-Cortina Olympics organizers announce budget of 1.7 billion euros(англ.). apnews.com (10 April 2025).
  9. How are the Olympic Games financed?(англ.). olympics.com.
  10. Milan–Cortina 2026: How Italy Is Redefining the Economics and Sustainability of the Winter Olympics(англ.). sportblog-online.de (20 October 2025).
  11. Raúl Daffunchio Picazo. Milano Cortina secures partnerships(англ.). insidethegames.biz (8 April 2025).
  12. One Year to Go: IOC invites world’s best winter sports athletes to the Olympic Winter Games Milano Cortina 2026(англ.). olympics.com (6 February 2025).
  13. Ramola Talwar Badam. ‘I love making UAE proud’: Inspirational Emiratis take home 16 medals at Special Winter Olympics(англ.). thenationalnews.com (17 March 2025).
  14. Tim Reynolds. Russian athletes excluded from luge at the 2026 Milan-Cortina Olympics(англ.). apnews.com (18 July 2025).
  15. Karolos Grohmann. Russian teams remain banned from competing at 2026 Winter Games(англ.). reuters.com (27 May 2025).
  16. Lisa Riley Roche. There won’t be any Russian skiers at next year’s Winter Olympics. Here’s why(англ.). deseret.com (22 October 2025).
  17. На Олимпиаде в Италии выявили первый случай допинга(рус.). Lenta.RU (2 феврали 2026).