Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бозиҳои олимпии зимистона 1980

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
XIII Бозиҳои Олимпии зимистона
Логотип
Шаҳр-мизбон Парчами ИМА Лейк-Плэсид, ИМА
Кишварҳои иштироккунанда 37
Шумораи варзишгарон 1072 (840 мард, 232 зан)
Медалҳои бозӣ 38 маҷмӯъ аз рӯи 10 намуди варзиш
Маросими ифтитоҳ 13 феврал
Ифтитоҳ кард Парчами ИМА Уолтер Мондейл
Маросими пӯшидашавӣ 24 феврал
Машъали олимпӣ Чарлз Морган Керр
Савганди олимпӣ Эрик Ҳайден
Варзишгоҳ Ипподроми Лейк-Плэсид
Вебгоҳ olympics.com/en/o…(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бозиҳои Олимпии зимистонаи соли 1980 — XIII Бозиҳои Олимпии зимистона, ки аз 13 то 24 феврали соли 1980 дар Лейк-Плэсид, ИМА баргузор шуданд. Лейк-Плэсид бори дувум Олимпиадаи зимистонаро қабул кард: соли 1932 дар ин ҷо III Бозиҳои Олимпии зимистона гузашта буданд.

Тӯмори Олимпиадаи-1980 ракун бо номи Рони (англ. Roni) буд.

Ғолибони ҳисоби умумии медалҳо варзишгарони шӯравӣ гардиданд, ки 10 медали тилло ба даст оварданд, ки 4-тои онҳо аз рӯи Лижаронии классикӣ буданд.

Қаҳрамони ҳақиқии Бозиҳои соли 1980 конкитози 21-солаи амрикоӣ Эрик Ҳайден шуд, ки дар ҳамаи 5 масофа ғолиб омад — ҳодисаи беназир дар таърихи варзиш. Бо панҷ медали тилло Ҳайден метавонист дар ҳисоби умумӣ танҳо баъд аз ИҶШС ва ҶДО ҷойи 3-юмро ишғол кунад. Хоҳари хурдии Эрик — Бет Ҳайден дар масофаи 3000 метр медали биринҷӣ гирифт.

Дар мусобиқаи лижаронӣ дар масофаи 15 км Томас Вассберг барои ғолибият бояд вақти беҳтар аз лижарони финӣ Юха Мието (41 дақиқаву 57,64 сония) нишон медод. Вассберг дар марра вақти 41:57,63-ро сабт кард ва аз финӣ танҳо ба андозаи як садяки сония пеш гузашт — ин хурдтарин фосила байни ҷойҳои якум ва дувум дар таърихи лижаронии Олимпиадаҳо мебошад. Ин ҳодиса сабаб шуд, ки минбаъд ҳисоби садякҳои сония дар лижаронӣ бекор карда шавад.

Се медали тиллоро лижарони шӯравӣ Николай Зимятов ба даст овард.

Конкитози 30-солаи шӯравӣ Ирина Роднина (ҷуфти Роднина — Зайтсев) ғалабаи таърихии севуми худро (пайиҳам) ба даст овард. Гиряҳои Роднина ҳангоми маросими супоридани медалҳо дар таърих монданд.

Яке аз ҳангомаҳои асосии Олимпиада ғалабаи тими хоккейи ИМА, ки аз донишҷӯён ва ҳаваскорон иборат буд, бар тими "шикастнопазир"-и ИҶШС гардид. Ин ғалабаро "Муъҷиза дар рӯи ях" меноманд.

Ташкил намудан

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бозсозии иншооти варзишӣ барои ин Бозиҳо дар вақташ ба анҷом нарасид ва барои зиндагии варзишгарон дар Деҳаи Олимпӣ бинои нави зиндон барои ҷавонони ҳуқуқвайронкунанда истифода шуд. Варзишгарон дар ҳуҷраҳои бе тиреза дар катҳои дуқабата хоб мерафтанд ва дар атрофи биноҳо манораҳо бо посбонони мусаллаҳ мавҷуд буданд.

Бори аввал дар таърихи Олимпиадаҳо барфи сунъӣ истифода шуд.

Се маҷмӯи ҷоизаҳо дар байни мардон бозӣ карда шуд. Бори аввал дар таърихи Бозиҳои Олимпӣ биатлончиён аз рӯи спринт дар масофаи 10 км медалҳоро тақсим карданд. Тиллоро Франк Улрих аз ҶДО ба даст овард. Дар мусобиқаи фардии 20 км бошад, Анатолий Алябев ғолиб шуд.

Ду маҷмӯи медалҳо дар байни ҷуфтҳо ва чаҳоргонаҳои мардон бозӣ карда шуд. Ҳамаи медалҳоро варзишгарони Швейтсария ва ҶДО соҳиб шуданд.

Варзиши лижаронии кӯҳӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаш маҷмӯи ҷоизаҳо бозӣ карда шуд. Дар байни мардон Ингемар Стенмарк аз Шветсия дар слалом ва слаломи азим ду медали тилло гирифт. Дар байни занон Ҳанни Вентсел аз Лихтенштейн ду медали тилло ва як нуқра ба даст овард, ки ин аввалин медалҳои тилло дар таърихи Лихтенштейн буданд.

Варзиши конкитозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

9 маҷмӯи ҷоизаҳо бозӣ карда шуд. Эрик Ҳайдени амрикоӣ дар ҳамаи 5 масофа рекорди олимпӣ гузошта, соҳиби 5 медали тилло шуд.

Лижаронии дуҳарба

[вироиш | вироиши манбаъ]

Як маҷмӯи медалҳо бозӣ карда шуд. Ғалабаи севуми пайиҳами худро дар Олимпиадаҳо Улрих Велинг аз ҶДО ба даст овард.

Лижаронии классикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

7 маҷмӯи ҷоизаҳо бозӣ карда шуд. Лижарони шӯравӣ Николай Зимятов се медали тилло ба даст овард.

Парвоз бо лижа аз трамплин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ду маҷмӯи ҷоизаҳо бозӣ карда шуд. Тони Иннауэр аз Австрия дар трамплини муқаррарӣ ва Йоуко Тёрмянен аз Финландия дар трамплини калон ғолиб шуданд.

Ҳисоби медалҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Шумораи умумии медалҳо 50px
КишварТиллоНуқраБиринҷҲамагӣ
1ИҶШС106622
2ҶДО97723
3ИМА64212
4Австрия3227
5Шветсия3014
6Лихтенштейн2204
7Финляндия1539
8Норвегия13610
9Нидерланд1214
10Швейтсария1135
11Британияи Кабир1001
12ҶФО0235
13Италия0202
14Канада0112
15Маҷористон0101
Япония0101
17Булғористон0011
Фаронса0011
Чехословакия0011
383938117

Олимпиада дар филателия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саҳифаи Олимпиада(англ.). Сомонаи расмии КБО.

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]