Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ
Зоҳир
Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ — мусобиқаи варзишии байналмилалӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ. Бозиҳо аз 14 то 20 октябри 2003 дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор гардид.
Навъҳои варзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба барномаи Бозиҳо чунин навъҳои варзиш дохил карда шуда буд:
- баскетбол (мардон, занон)
- волейбол (мардон)
- кӯраш
- куштӣ (озод, юнонӣ-румӣ)
- муштзанӣ
- таэквандо
- теннис
- тирандозӣ
- ҷуду
Натиҷаҳои Бозӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Место | Кишвар | Тило | Нуқра | Биринҷӣ | Ҳамагӣ |
---|---|---|---|---|---|
1 | Қазоқистон | 48 | 32 | 31 | 111 |
2 | Ӯзбекистон | 36 | 35 | 20 | 91 |
3 | Тоҷикистон | 18 | 22 | 17 | 57 |
4 | Қирғизистон | 5 | 14 | 42 | 61 |
5 | Туркманистон | 0 | 5 | 17 | 22 |
Ғолибони Бозӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғолибони Бозиҳо аз Тоҷикистон инҳо буданд: К. Коробко, Л. Рубаева, С. Хозратова (таэквандо-ВТФ), Ш. Достиев, Х. Ҷӯраев (муштзанӣ), Юсуф Абдусаломов, Ш. Алиев (куштии озод), М. Тӯйчиев (куштии юнонӣ-румӣ), Парвиз Собиров, Расул Боқиев, Ш. Бозоров (ҷуду), М. Бобоев, И. Фозилов, Д. Назруллоев (тэквандо-ВТФ), Д. Назаров, С. Стаканов (варзиши сабук), М. Яҳёев, С. Макашин (теннис). Ғолибони Бозиҳо бо мошинаҳои сабукрав (мардҳо) ва хонаи иқоматӣ дар шаҳри Душанбе (бонувон) қадрдонӣ шуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ / А. Бобоҷонов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.