Бозори тило

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозори тило — бозоре, ки муҳосиботи байналмилалӣ, талаботи саноати маишӣ, пасандози хусусӣ ва маблағгузориро амалан таъмин менамояд.

Бозори тило биржавӣ ва ғайрибиржавӣ мешавад. Тило дар баробари дигар ашё объекти тиҷорати биржавӣ аст. Бозори биржавии тило бозори муташаккил буда, аз ҷониби биржаҳои филиззоту сангҳои қиматбаҳо роҳандозӣ шудааст. Бозори ғайрибиржавии тилоро бо роҳи консорсиум чанд бонк, ки ваколати харидуфурӯши тилоро доранд, пешниҳод мекунанд. Бонкҳо байни харидору фурӯшанда даллол шуда, нархи миёнаи бозориро сабт менамоянд, ба тоза кардану нигоҳдошт ва истеҳсоли шимш (хиштқолаб)-и тило машғул мебошанд.

Алҳол дар ҷаҳон 50 бозори тило фаъолият мекунанд: дар Аврупои Ғарбӣ — 11, Амрико — 14, Осиё — 19, Африқо — 8. Бозорҳои Лондон, Сюрих, Ню-Йорк, Чикаго, Сянган (Ҳонконг), Дубай ва ғ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]