Бозоров Шарифҷон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бозоров Шарифҷон
Шарифҷон Асадуллоевич Бозоров
Санаи таваллуд:

15 апрел 1932(1932-04-15)

Зодгоҳ:

ноҳияи Самарқанд

Санаи марг:

10 феврал 1975(1975-02-10) (42 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

тиб

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои иқтисод

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

ИПС ба номи Т.Г. Шевченко

Шарифҷон Асадуллоевич Бозоров (Тав. 15.04.1932, гуз. Ойсабати д. Деҳнави ноҳияи Самарқанд – ваф. 10.02.1975, ш. Душанбе), омӯзгори иқтисоди сиёсӣ ва фалсафа. Номзади илми иқтисод (1962), дотсент (1964). «Аълочии маорифи Тоҷикистон».

Зиндагинома[вироиш]

Шарифҷон Асадуллоевич Бозоров Ин.-ути педагогии дусолаи Самарқандро хатм кардааст (1948–49). Муаллими мак. миёнаи нопурраи д. Кӯктоши н. Панҷакент (1949–50). Дар фак. таърихи ИПС ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст (1950–1953). Курси яксолаи САГУ-и Тошкандро хондааст (1953–1954). Муаллими калони каф. марксизм-ленинизми ИХҚТ (ҳоло – Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, 1954–1975). Аспиранти Ин.-ути иқт. АИ Тоҷикистон (1960–1962). Дар мавзӯи «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар давраи барқароркунӣ ва ибтидои азнавсозии сотсиалистии хоҷагии халқ (солҳои 1921–1928)» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. С.-ҳои гуногун кот. якуми ташкилоти комсомолии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, парторги фак. механиконии соҳаи хоҷ. қишлоқ, узви ком. ит. касабаи корм. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, муовини раиси ком. назорати халқии ш. Душанбе, лектори ғайриштатии КМ ПК Тоҷикистон. будааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Муаллифи зиёда аз 60 таълифоти илмӣ, илмии оммафаҳм, аз ҷумла, «Ақидаҳо доир ба худомӯзии асарҳои классикон» (Д., 1957), «Чораҳои сиёсию иҷтимоии Ҳукумати Советӣ дар барқароркунии хоҷагии халқи Тоҷикистон» (Д., 1961), «Барқароркунии хоҷагии халқи Тоҷикистон (1921–1928)», (Д., 1963), «Таҳаввулоте дар сохтори иқтисодию иҷтимоии иқтисодиёти аграрии Тоҷикистон» (Д., 1963), «Ҳосилнокии меҳнат – асоси пешравиҳо» (Д., 1969) ва ғ. Роҳбари 20 унвонҷӯи фак. иқт.будааст. Хизматҳояш бо чандин Грам. Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст. [1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6