Боймирзо Гулмирзоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боймирзо Гулмирзоев
Таърихи таваллуд 1910(1910)
Зодгоҳ деҳаи Тошгузар, ноҳияи Регар, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 1965(1965)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Регар
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1947
Ордени Ленин

Боймирзо Гулмирзоев (1910, деҳаи Тошгузар, ноҳияи Регар — 1965, ҳамон ҷо) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1947).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1931-11949 колхозчӣ, котиби кумитаи комсомолии колхоз, сардори бригадаи пахтакорӣ (1943—1945), раиси (1945—1947) колхози «Коммунизм», 1950—1954 раиси ҷамоати деҳоти Ӯзбеконтеппа, 1954—1964 агроном, сардори бригадаи пахтакорӣ ва колхозчии ҳамин колхоз буд. Звенои Боймирзо Гулмирзоев соли 1947 ҳосили фаровони пахта рӯёнд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени Ленин ва медалҳо қадрдонӣ шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]