Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Болдастҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Болдастҳо
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад

Болдастҳо (лот. Chiroptera) — як қатори ҷонварони ширхор.

Анатомия ва физиология

[вироиш | вироиши манбаъ]

Болдастҳо қобилияти парвози дурударозро доранд. Пойҳои пеши онҳо ба бол табдил ёфтаанд. Ангушти якум озод аст; ангуштони дигар, устухонҳои банди даст ва соид дароз шуда, пустпардаи болро ба вуҷуд меоваранд. Дум низ бо пустпарда пайваст аст. Суфраи гӯш хеле ташаккул ёфта, дар бисёр болдастҳо (масалан, дар хаффош) аз андоза калом мебошад. Бадани болдастҳо, одатан, сермӯй аст ва ғадудҳои бӯйбарор дорад. Дарозии баданашон 3-42 см; рӯдаашон кутоҳ (ҳамагӣ 1,5-4 маротиба аз дарозии бадан зиёдтар аст).

Пайдоиш ва такомул

[вироиш | вироиши манбаъ]

Болдастҳо аз рӯйи адади намудҳо баъди хояндаҳо дар ҷойи дуюм меистанд. Болдастҳои мунқариз ба болдастҳои ҳозира монанд буданд. Болдастҳо эҳтимол аз ҳашарот ба вуҷуд омада бошанд.

Болдастҳо ду зерқатор (кӯршабпарак ва болдасти мевахур) ва 850 намуд доранд.

Онҳо дар тамоми дунё паҳн шудаанд. Хусусан дар минтақаҳои субтропикӣ ва тропикӣ бисёранд.

Тарзи зиндагӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Болдастҳо беш­тар шабона фаъол мешаванд. Рӯзона дар болои дарахтон, ғорҳо, таркиши харсангҳо сарпоён хоб мекунанд. Зиёда аз 20 сол умр мебинанд. Соле як бор афзоиш карда, 1-2 бача мезоянд. Ғизои аксари болдастҳо ҳашарот аст; баъзеашон аз мева, гард ва шаҳди гулҳо ғизо мегиранд.