Боло (пешоянд)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Боло)
Jump to navigation Jump to search

Болои пешоянди номӣ ҳам дар шакли сода ва ҳам дар шакли таркибӣ бо пешояндҳои аслии ба, дар,бар,аз кор фармуда мешавад.Пешоянди болои ва шаклҳои таркибии он макони амали ашёро нишон медиҳад.

Мисолҳо[вироиш]

  • Ҳашариён ба болои хоктӯдае баромаданд (Садриддин Айнӣ);
  • Мо аз болои теппаҳо,аз болои шаҳристони ӄадимаи тоҷикон ба шаҳри имрӯзаи Панҷакент назар кардем Ҷалол Икромӣ);

Ин пешояндҳо муносибатҳои объект ва сабабро низ ишора карда метавонанд.

Мисолҳо[вироиш]

  • Гап дар болои ба гардани онҳо бор кардани ин пул ва ӄарздор кардани онҳо меравад (Садриддин Айнӣ);
  • Дергоҳе фикр мекардам,ки аз болои ман барои чӣ ариза навишта бошанд (Фазлиддин Муҳаммадиев).

Пешоянди ба болои ба маънои илова кардан,илова шудан низ кор фармуда мешавад.

Мисолҳо[вироиш]

  • Дӯконам танг,молам кам, ба болои ин ҳамаи молҳоям "касмахару касмаёб" (Садриддин Айнӣ);
  • Падарата ба болои раиси артел буданаш раиси комитети гузар ҳам интихоб карданд(Амонов).

Нигаред низ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - с.293