Бондарчук Сергей

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бондарчук Сергей
укр. Сергі́й Фе́дорович Бондарчу́к
русӣ: Сергей Фёдорович Бондарчук
Sergei Bondarchuk, Sarajevo, 29. november 1969. Movie premier Battle of Neretva by Stevan Kragujevic.JPG
Санаи таваллуд:

25 сентябр 1920(1920-09-25)[1][2][…]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

20 октябр 1994(1994-10-20)[1][2][…] (74 сол)

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб:

ҳунарпеша, коргардони филм, филмноманавис, ҳунарпешаи синамо, drama teacher

Карера:

19481994

Мукофотҳо:
IMDb:

ID 0094083

Commons-logo.svg Бондарчук Сергей дар Викианбор

Сергей Федорович Бондарчук (25.09.1920, ш. Киев – 20.10.1994. ш. Маскав) — киноактёр ва коргардон, Артисти халқии СССР (1952), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1980). Соли 1948 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро ба охир расонда, дар «Мосфилм» кор кардааст, дар ќариб ҳамаи филмҳо - «Қисмати одам», «Онҳо барои Ватан ҷангидаанд», «Тарас Шевченко», «Серёжа», «Амаки Ваня», «Падар Сергий», «Отелло», «Ғурмагас», «Гвардияи ҷавон» ва ғайра образҳои асосӣ офарида, филмҳои зиёд таҳия намудааст. Аз соли 1971 дар Институти давлатии умумииттифоќии кинематографияи шаҳри Маскав дарс медод. Солҳои 1971-1975 роҳбари студияи актёрии тоҷик буд ва дар тарбияи ҳунарпешагони ҷавонон саҳм гузошт. Миёни хатмкунандагони ин студия Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон З. Иброҳимова, А.Раҳматуллоев, С.Сабзалиева, Т.Саидова, Ю.Юсуфов ва дигарон ҳастанд. Дар кинофилми тоҷикии «Ҳодиса дар фурудгоҳ» (иборат аз се қисм, соли 1987) яке аз накшҳои марказиро бозидааст.[4]

Эзоҳ[вироиш]