Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бонкдории мобилӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бонкдории мобилӣ — истифодаи хидматрасониҳои бонкӣ ба воситаи Интернет ва телефон.

Ин навъи бонкӣ охири солҳои 90-уми асри 19 дар ИМА пайдо шуда буд. Минбаъд дар аксари бонкҳои дунёи мутамаддин хидматрасонии Б.м. иҷро шудани амалҳои зеринро осон мегардонад: дидани тавозун ва бақияи маблағ дар суратҳисоб, фаъол намудан, ё қатъ намудани кортҳои бонкӣ ва ё суратҳисоби бонкӣ, интиқоли маблағ байни суратҳисоби қартагӣ ва суратҳисоби амонатӣ, интиқоли маблағ аз суратҳисоби кортӣ ба суратҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бонки дилхоҳ, интиқоли маблағ ба кортҳои пардохтии VISA ва кортҳои пардохти миллӣ (барои иҷрои кор танҳо шумораи корти пардохтии пулгирандаро донистан кифоя аст), ташкил намудани фармоиши пардохтӣ аз рӯи мушаххасоти бонкии муштарӣ.

Афзалияти хидматрасонии Б.м. аз хидматрасониҳои анъанавии бонкӣ (барои осон анҷом додани амалиёти бонкӣ) чунин аст: идора намудани суратҳисоб аз роҳи дур дар вақти дилхоҳ, сарфаи вақти омадурафт ба бонк, набудани маблағи иловагӣ (ҳаққи кор) ҳангоми пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ, ширкатҳои телефонӣ ва таъминкунандагони интернет; фавран ба низоми бонкӣ пайваст шудан; бехатарии идоракунии суратҳисоб. Тарзи пайвастшавӣ ба Б.м. чунин сурат мегирад: муштарии бонк барои пайвастан ба хидматрасонии Б.м. ба шӯъбаи бонке, ки дар онҷо барояш хидмат мерасонанд, бо ариза муроҷиат мекунад. Ба муштарӣ барои истифодаи ин навъи хидматрасонӣ рамз (парол) дода мешавад. Баъзе бонкҳо барои пайвастани муштариён ба ин намуди хидматрасонӣ аз сомонаи худ истифода мебаранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин навъи хидматрасонӣ оғоз гардидааст. Чунончи ҶСК «Агроинвестбонк» хидматрасонии СМС-хабариро барои муштариёнаш пешниҳод кардааст.