Бонки рушди Тоҷикистон
Шакл | Ҷамъияти саҳҳомӣ |
---|---|
Иҷозатнома | № 0000005 аз 8 январи 2014 |
Фаъолият | бонки тиҷоратӣ |
Соли таъсис | 2006 |
Макон | Душанбе, кӯчаи Пушкин 20 |
Афроди калидӣ | Парвиз Шарифзода — Раиси Раёсат |
Сармояи аввалия | 170 000 000 сомонӣ (27.12.2024)[1] |
Шумораи кормандон | ▲ 100 (декабри 2024) |
Вебгоҳ | brt.tj |
Бонки рушди Тоҷикистон (ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон») — яке аз бонкҳои тиҷории Тоҷикистон. Дафтари марказии бонк дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст[1].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бонки рушди Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 августи соли 2006 ба сабти ном шуда, 7 ноябри соли 2006 иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои гузаронидани амалиёти бонкӣ гирифт.
Бонки рушди Тоҷикистон аз ноябри 2011 — бонки фаръии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва аз моҳи июли соли 2020, бонк бо тарки сохтори ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мустақил шуд[2].
Бонки рушди Тоҷикистон айни замон ба сифати бонки мунтазам рушд менамуда ва пешниҳодкунандаи номгӯи васеъи хидматрасонии бонкӣ ба мизоҷони алоҳида ва дастаҷамъӣ эътироф гаштааст. Тӯли чандин соли фаъолият бонк тамоюли ҳамкори боэътимодро барои мизоҷони дар самти пешниҳоди хидматрасонии молиявии сатҳи олӣ касб намудааст.
Солнома
[вироиш | вироиши манбаъ]2006
- 15 август — таъсиси ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон»[3][4];
- 7 ноябр — гирифтани иҷозатномаи расмӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ[4];
2007
- феврал — пайвастан ба низоми байналмилалии SWIFT[5];
- апрел — ҳамкорӣ бо низоми байналмилалии интиқоли маблағҳои UNIStream[6];
- август — зиёд кардани сармояи оинномавӣ ба 28,8 млн сомонӣ (1,7 маротиба афзоиш дар як сол)[4];
- сентябр — ифтитоҳи филиал дар ноҳияи Рӯдакӣ[7];
2008
- феврал — коҳиши фоизи қарзҳо: аз 30 % ба 20 % ба сомонӣ ва аз 24 % ба 20 % ба асъори хориҷӣ[8];
- октябр — пазируфта шудан ба узвияти BACEE ҳамчун аввалин бонки Тоҷикистон[9];
- октябр — ҳамкорӣ бо ширкати «SUNFIRST INCORPORATION SHANGHAI LIMITED» (Шанхай, Чин)[10];
- ноябр — дохил шудан ба чоргонаи бонкҳои бузурги Тоҷикистон аз рӯи сармояи оинномавӣ (60 млн сомонӣ)[11];
- декабр — омӯзиши мутахассисони БРТ дар марказҳои омӯзишии Русия ва Укройн[12];
2009
- январ — пурра суғурта шудани пасандозҳои аҳолӣ[13];
- март-апрел — ба гардиш баровардани ду намуди пасандоз — «Нури умед» ва «Адолат»[14];
- май — кумак ба осебдидагони офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон: сохтани 2 хона бо маблағи 227 000 сомонӣ[15];
- август — расидани фоидаи софи нимсолаи аввал ба 800 000 доллар[16];
2010
- феврал — харидории саҳмияҳои НБО «Роғун» ба маблағи 4,4 млн сомонӣ[17];
- август — гузоштани 2,8 млн сомонӣ аз ҳисоби саҳмияҳои Роғун ба ҳисобҳои пасандозии БРТ[18];
2011
- декабр — харидории 100 % саҳмияҳои БРТ аз ҷониби «Тоҷиксодиротбонк» ва табдили он ба бонки фаръӣ[19];
2014
- апрел — дохил шудан ба феҳристи бонкҳои иҷозатдошта барои хариди силоҳ[20];
2023
- апрел —узви низоми пардохти миллии «Корти Миллӣ» шудан ва барориши ду навъи корт;
2024
- феврал — шурӯъи пешниҳод намудани хидматрасонии хариди қоғазҳои қиматноки давлатӣ бо даромади собит[21];
- июн — оғози фаъолияти барномаи BRT Online[22];
- октябр — кушодани ҳисобҳои корреспондентӣ дар бонкҳои хориҷӣ ва омодагӣ ба пайвастан ба низоми Visa[23].
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Саридораи Бонки рушди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буда, филиалҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд ҷойгир аст ва дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Равзанаи бонкии исломӣ — филиали ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти бонкии исломиро амалӣ менамояд[1].
Роҳбарон
[вироиш | вироиши манбаъ]Раиси раёсат — Парвиз Шарифзода[24]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Оинномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки рушди Тоҷикистон» (2024).
- ↑ Дар бораи Бонк. www.brt.tj. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ Шаҳодатнома дар бораи бақадгирии давлатии таъсисёбии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Бонки рушди Тоҷикистон.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 Банк развития Таджикистана в 1,7 раза увеличил свой уставной капитал | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ Таджикские банки идут в мир. «Сохибкорбанк» и «Бонки рушди Точикистон» подключаются к системе SWIFT | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ «Бонки Рушди Точикистон» и «Точиксодиротбонк» стали партнёрами UNIStream | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ «Банк развития Таджикистана» открывает филиал в районе Рудаки | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ «Банк развития Таджикистана» снизил процентные ставки по кредитам | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ ЗАО «БОНКИ РУШДИ ТОЧИКИСТОН» — ПЕРВЫЙ БАНК ТАДЖИКИСТАНА, ВСТУПИВШИЙ В ЧЛЕНСТВО В BACEE(рус.). НИАТ "Ховар". 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ «БОНКИ РУШДИ ТОДЖИКИСТОН» И «SUNFIRST INCORPORATION SHANGHAI LIMITED» УКРЕПЛЯЮТ СОТРУДНИЧЕСТВО(рус.). НИАТ "Ховар". 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ ЗАО «БОНКИ РУШДИ ТОЧИКИСТОН» — 4-Й В ТАДЖИКИСТАНЕ(рус.). НИАТ "Ховар". 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ СПЕЦИАЛИСТЫ «БОНКИ РУШДИ ТОЧИКИСТОН» ОБУЧЕНЫ НОВОЙ СИСТЕМЕ(рус.). НИАТ "Ховар". 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ Депозитная база ЗАО «Бонки Рушди Точикистон» остается в настоящее время неизменной | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ ЗАО «Бонки рушди Точикистон» внедрил два новых депозита | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ ПОДАРОК ОТ «БОНКИ РУШДИ ТОЧИКИСТОН»(рус.). НИАТ "Ховар". 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ Чистая прибыль Банка развития Таджикистана составила около $800 тыс. | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ ЗАО «Бонки рушди Точикистон» выдал в 2009 году кредитов на сумму свыше $23,6 млн. | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ В Душанбе подписан договор о размещении свободных средств Рогунской ГЭС на депозитные счета пяти таджикских банков | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ «Тоджиксодиротбанк» купил «Бонки Рушди Тоджикистон»(рус.). asiaplustj.info. ASIA-Plus. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ Правительство Таджикистана утвердило перечень банков, имеющих право на покупку оружия | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ Выгодные инвестиции в государственные ценные бумаги от «Банка развития Таджикистана» | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). www.asiaplustj.info. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ BRT Online: ҳама чизро онлайн пардохт кунед(тоҷ.). dbt.tj. Бонки рушди Тоҷикистон (27 июни 2024). 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ «Банк развития Таджикистана» открыл новые корреспондентские счета в зарубежных банках | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 16 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ Бонкҳо. nbt.tj. Бонки миллии Тоҷикистон. 16 июни 2025 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бонки рушди Тоҷикистон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- brt.tj — вебгоҳи расмии Бонки рушди Тоҷикистон