Борис Ҷонсон
Борис Ҷонсон Александр Борис де Пфеффел Ҷонсон, бештар бо номи Борис Ҷонсон маълум. (англ. Alexander Boris de Pfeffel Johnson, Boris Johnson); тав. 19 июни соли 1964, Ню-Йорк, ИМА) - ходими давлатӣ ва сиёсатмадори Бритониё. Сарвазири Бритониё аз 24 июли соли 2019. Роҳбари Ҳизби консервативии Бритониёи Кабир аз 23 июли соли 2019.
Мири Лондон (2008-2016) ва вазири хориҷии Бритониёи Кабир (13 июли 2016 - 9 июли соли 2018) дар дафтарҳои якум ва дуюми ҳукумати Тереза Мэй. Узв ва Роҳбари Ҳизби консервативии Бритониёи Кабир. 7 майи соли 2015 ба Палатаи ҷомеаҳо интихоб шуд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Борис Ҷонсон 19 июни соли 1964 дар Ню-Йорк, ИМА таваллуд шудааст. Бобокалонаш аз ҷониби падараш, рӯзноманигори турк Алӣ Кемал, Вазири корҳои дохилӣ дар ҳукумати Аҳмад Окдай, охирин Вакили бузурги империяи Усмонӣ буд. Дар ин вазифа ӯ дастури боздошти Кемал Ататюркро содир кард . Баъдтар, пас аз ба қудрат расидани Ататюрк, вай бо фармони Нуреддин Коняр ба қатл расонида шуд. Сипас, Усмон Алӣ, ба Бритониёи Кабир фирор намуда, номи Уилфред Ҷонсон (Wilfred Johnson) гирифтааст.
Ибтидои солҳои 1970-ум падари Борис, Стэнли Ҷонсон (Stanley Johnson), дар Брюссел кор мекард. Бинобар, таҳсили ибтидоиро Борис дар мактаби аврупоии Брюссел гирифтааст. Баъдтар оила ба Бритониё кӯчид ва ӯ таҳсили худро дар мактаби тайёрӣ дар Сассекси Шарқи ва сипас дар Этон идома дод. Солҳои 1983-1984 дар Коллеҷи Баллиол, Донишгоҳи Оксфорд таҳсил кардааст.
Фаъолияти журналистӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз хатми таҳсил Ҷонсон ба кори журналистика шурӯъ кард. Ӯ соли 1987 ба кор дар рӯзномаи Дейли Телеграф (Daily Telegraph) шурӯъ кардааст. Аз соли 1989 то 1994 ӯ мухбири рӯзномаи Дейли Телеграф (Daily Telegraph) дар Брюссел буд. Аз соли 1994 то 1999 Ҷонсон муовини сармуҳаррир ва нозири пешбари сиёсии Дейли Телеграф (Daily Telegraph) буд. Соли 1998, ӯ ба ҳамкорӣ дар барномаи Би-Би-Сӣ "Хабарҳо барои шумо" шурӯъ кард. Соли 2000 Ҷонсон муҳаррири «The Spectator» шуд.
Фаъолияти сиёсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар интихоботи парлумонии соли 2001, вай бори аввал узви Палатаи ҷомеаҳои Парлумони Бритониё аз ҳавзаи Хенли интихоб шуд ва аз Оксфордшир ҳамчун намояндаи Ҳизби консервативии Бритониёи Кабир шуд. Вакили парлумон аз 9 июни соли 2001 то 4 июни соли 2008 буд, дар интихоботи соли 2005 аз нав интихоб шуд.
Мири Лондон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар моҳи марти соли 2007 Ҷонсон дар интихоботи мири Лондон соли 2008 номзадии худро ба мири Лондон пешниҳод кард. Ва 1 майи соли 2008 дар интихоботи шаҳрдори Лондон ӯ мири Лондон интихоб шуд, ки Ҳизби консервативии Бритониёи Кабирро намояндагӣ мекард. Дар интихобот, вай дар даври аввал 42,48% ва дар даври дуюм 53,2% овоз гирифт. Намояндаи Ҳизби лейбористӣ мутаносибан танҳо 36,38% ва 46,8% овозҳоро ба даст овард. Баъд аз интихоб гардидан ба мири Лондон ӯ афзалиятнокии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, мушкилоти нақлиёт, масалан тавассути пешбурди велосипедсаворӣ ва ташкили таваққуфгоҳи велосипедҳои кирояи дучарха, дар Лондон пешниҳод кардааст. Дар моҳи майи соли 2012, Ҷонсон дубора шаҳрдори Лондон интихоб шуд. Дастоварди муҳим дар идоракунии Ҷонсон муваффақияти Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон буд.
Маъракаи Brexit
[вироиш | вироиши манбаъ]7 майи соли 2015, дар интихоботи умумӣ, вай аз нав аъзои ҳавзаи Маҷлиси Парлумони Бритониё (аз ҳавзаи Аксбридж ва Райслипи Ҷанубӣ) дар Лондони Бузург буд. Ҳамзамон, дар тӯли сол ӯ иҷрои вазифаи худро ҳамчун мири Лондон идома дода, ду мансабро муттаҳид кард. Дар соли 2016, ҳангоми тайёрӣ ва баргузории раъйпурсӣ дар бораи баромадани Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо, вай ҷонибдори фаъоли тарғибгари Brexit буд. Пас аз раъйпурсӣ, ки ғолибиятро ҷонибдорони Авросептикҳо ба даст оварданд, боварӣ доштанд, ки Ҷонсон ба мансаби роҳбари ҳизби консервативӣ ва сарвазири Бритониёи Кабир номзад хоҳад шуд. Аммо 30 июни соли 2016, пас аз он ки шарики наздиктарини ӯ дар маъракаи Brexit, вазири адлия Майкл Гове худашро ба мансаби роҳбари ҳизби консервативӣ пешбарӣ кард, Борис Ҷонсон ба унвони сарвари ҳукумат пешбарии хешро рад кард ва расман инро дар нишасти матбуотӣ дар Лондон эълон кард. 13 июли соли 2016, ӯ дар дафтари нави ҳукумати Тереза Мэй вазири корҳои хориҷӣ таъйин шуд. Ӯ 9 июли соли 2018 бо сабаби ихтилофот дар бораи хуруҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо аз вазифаи вазири, худ истеъфо дод.
Интихоботи пешвои Ҳизби консервативӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз истеъфои Тереза Мэй аз вазифаи раҳбари Ҳизби консервативӣ, Борис Ҷонсон эълом дошт, ки барои ин мақом пешбарӣ хоҳад шуд. Дар сурати интихоб шуданаш, ӯ низ метавонад дар моҳи май сарвазири Бритониёи Кабир шавад. Дар аввали июни 2019, чанде пеш аз сафари ӯ ба Бритониё, номзадии Ҷонсон аз ҷониби президенти ИМА Доналд Трамп дастгирӣ карда шуд. Дар панҷ даври аввали овоздиҳӣ, ки аз 13 то 20 июн баргузор шуд, Ҷонсон ҳар дафъа бо рақами назарраси рақибонаш ҷои аввалро гирифт. Пас аз натиҷаҳои даври панҷум, ки 20 июн баргузор шуд, вай ба даври охирини шашум бо вазири корҳои хориҷӣ Ҷереми Ҳант ворид шуд. Дар натиҷаи овоздиҳии аъзои ҳизб, Ҷонсон дар интихобот бо 92,153 овоз ғолиб шуд. 23 июл, ӯ расман раҳбари нави ҳизби консервативии Бритониёи Кабир гардид.[12].
Сарвазири Бритониё
[вироиш | вироиши манбаъ]Борис Ҷонсон мансаби сарвазири Бритониёи Кабирро 24 июли соли 2019 ба уҳда гирифт.[13].
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Соли 1987, ӯ бо Аллегра Мостин-Оуэн издивоҷ кард, никоҳ соли 1993 бекор карда шуд.
- Худи ҳамон сол Ҷонсон бо Марина Виллер, духтари рӯзноманигор ва барандаи телевизион Сэр Чарлз Вилер издивоҷ кард.
- Онҳо чор фарзанд доранд: ду духтар, Лара ва Кассия ва ду писар, Мило ва Теодор.
- Соли 2009, духтари ғайриқонунии ӯ аз мунаққиди санъат Ҳелен Макинтайр таваллуд шудааст.
- Ҷонсон ва оилаи ӯ дар шаҳри Ислингтон, дар шимоли Лондон, зиндагӣ мекунанд.
Манбаъҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- The Boris Johnson Story // BBC News. − 03.05.2008
- Об особой любви Бориса Джонсона к велосипедам Бойгонӣ шудааст 25 июли 2019 сол.
- The Village: Борис Джонсон, Лондон — 24.04.2012
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ Lundy D. R. The Peerage (ингл.)
- ↑ London Mayor Boris Johnson agrees to pay US tax bill — БиБиСи.
- ↑ https://www.geni.com/people/Rt-Hon-Boris-Johnson-MP-PC/6000000011177409367
- ↑ https://www.express.co.uk/news/uk/1145235/boris-johnson-divorce-is-boris-johnson-divorced-marina-wheeler-carrie-symonds
- ↑ https://timesofindia.indiatimes.com/world/uk/uk-pm-johnsons-divorce-with-indian-origin-wife-finalised/articleshow/75615513.cms
- ↑ Boris Johnson and Carrie Symonds reportedly marry in secret ceremony (ингл.) // The Guardian — United Kingdom: GMG, 2021. — ed. size: 107899 — ISSN 0261-3077
- ↑ https://www.workwithdata.com/person/boris-johnson-1964
- ↑ http://www.jpost.com/Israel-News/At-Western-Wall-London-mayor-affirms-his-Jewish-ancestry-432666
- ↑ Johnson appeared genuinely moved as he placed his right hand on the Western Wall and paused for a minute while photographers took pictures of him praying.
- ↑ Hunt to face Johnson in Tory leader race (en-GB) (20 июни 2019).
- ↑ Борис Джонсон станет новым премьером Великобритании, РБК (23 июли 2019). Проверено 23 июли 2019.
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 19 июн
- Зодагони соли 1964
- Зодагони Ню-Йорк
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Сарвазирони Бритониёи Кабир
- Сарварони Аврупо асри XXI
- Роҳбарони кунунии кишварҳо