Ботуртеппъ
| Деҳа | |
Ботуртеппъ | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Суғд | Суғд |
| Шаҳр | Шаҳри Панҷакент | Панҷакент |
| Ҷамоат | Дашти Малла |
| Таърих ва ҷуғрофия | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Миллатҳо | тоҷикон |
| Дин | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| коди телефон | +992 3475 |
Ботуртеппъ — деҳаи кӯшкдорест, ки тахминан асрҳои 7–8 м. дар масофаи 14 км дуртар аз самти шарқии ш. Панҷакент дар Дашти Малла, соҳили чапи деҳаи Зарафшон бино ёфтааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ёдгори кӯшкдор, ки солҳои 1953–54 аз тарафи бостоншинос А. М. Манделштам ва соли 1975 аз тарафи Ю. Яъқубов ҳафр шудааст. Кӯшк дуқабата буда, қисми болоии он хонаҳои иқоматӣ дошт, ки баъдан вайрон шудаанд. Шакли кӯшк мураббаъ, андозааш 15х15 буд. Дар қабати поин роҳрави дарозиаш 13 м (дар марказ) сохта, дар ду тарафи он панҷтоӣ ҳуҷраҳои камарпӯш ҷойгир шуда буданд, ки онҳо ҳамчун анбор истифода мегардиданд. Кӯшк маҷмӯан аз хишти хоми 48 х 25 х 10 см бино ёфта, бори аввал дар асри 8 андаке хароб гаштааст. Дар асрҳои минбаъда кӯшкро тарк кардаанд.
Қисми ҷанубии кӯшк ҳафриёт нашудааст. Як иқдоми омӯзишии намунавию санҷишӣ нишон дод, ки биноҳои деҳа аз похса сохта шуда будаанд. Ботуртеппъ боқимондаи деҳаи асрҳои 7–8 м. мебошад. Чунин деҳаҳо дар Дашти Малла вомехӯранд, ки дар замони Сомониён хеле обод будаанд. Ҳангоми ҳуҷуми муғулон ин деҳаҳо хароб гардида, дигар обод нашудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ботуртеппъ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.