Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ботухан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ботухан
муғ. Бат хан
Нигора
Шаҳрвандӣ
Унвон хон
Таърихи таваллуд тақрибан 1205[2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 1255[2]
Маҳалли даргузашт
Оромгоҳ
Падар Jochi[d][1]
Бародар/хоҳар Huolu[d], Tuka Temür[d], Беркехон, Orda Khan[d] ва Shiban[d]
Ҳамсар Borakchin Khatun[d]
Фарзандон Sartaq Khan[d][1] ва Toqoqan[d][1]
Хонадон Genghisid[d]
Пеша хон, сарлашкар
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ботухан ё Ботухон (1206–1255 ё 1256), сипаҳсолор, хони муғул — асосгузори давлати Урдуи Тиллоӣ (соли 1243). Писари Ҷу­ҷӣ ва набераи Чингизхон.

Лашкаркашиҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз падараш Чингизхон (фавт. соли 1227) сарвари улус, Ҷуҷӣ шуд. Ботухон соли 1235 аз ҷониби Уқтой барои забти киш­варҳои Аврупои Шарқӣ сарфармондеҳи нерӯ­ҳои муғул таъйин гардид. Баъди забти Булғория (соли 1236) дар иттифоқ бо под­шоҳи он солҳои 1237– 1238 ба қисмати шимолу шарқии сар­замини Рус ҳуҷум овард. Со­ли 1239 кня­­зиҳои Переяслав ва Чернигов аз ҷониби Ботухон забт шуданд. Ботухон соли 1240 ба Аврупои Мар­казӣ лашкар кашида, баъди забти ҳудудҳои Киев, Волин, Галисия, Маҷо­рис­тон, Лаҳистон, Далмасия, қис­ман Чехия ба сарҳадди Фаронса наздик омад. Вале Ботухон бо шунидани хабари марги Уқтой (соли 1242) аз забти минбаъдаи Аврупо даст кашид. Ба воситаи Балкан ба Поволжеи Поинӣ омада, пойтахти Олтин Урду (Урдуи Тиллоӣ) – ш. Саройро таъсис дод. Дар давраи Ботухон князҳои бузурги сарзамини Рус ба давлати Урдуи Тиллоӣ тобеъ буданд. Ҳанӯз аз давраи лаш­каркашӣ ба Аврупо дар байни писарони Уқтой ва Ботухан баъзе мухо­лифатҳо сар зада буданд, ки дар давраи Гуюкхон (1242-51) онҳо дубора шиддат ёфтанд. Пас аз марги Гуюкхон (1251) новобаста ба мухолифатҳои бархе хонҳои муғул Ботухан гумоштаи худ Мангуро хони бузурги империяи Муғул эълон кард. Дар давраи Ман­гу (1251–1259) мавқеи Ботухан устувор гардида, фармони ӯ ба тамоми ҳудуди империяи муғул фиристода мешуд. Бо фармони Ботухон қис­ме аз қушунҳои ҳарбии Урдуи Тиллоӣ дар лашкаркашии Ҳулогу­хон ба Эрон (1256) ширкат карданд.