Бош
Бош (Bosch) — ширкати умумиҷаҳонии олмонӣ дар соҳаи автомобилсозӣ, ки соли 1886 соҳибкор Роберт Август Бош дар ш. Штутгарт бо номи «Таъмиргоҳи механика ва электротехникаи дақиқ» ташкил кардааст.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Ширкат аз соли 2013 дар чаҳор самти тиҷоратӣ фаъолият мекунад: технологияи автомобилӣ; технологияи саноатӣ; молҳои истеъмолӣ; технологияи сохтмон ва энергетика. Бош дар 150 мамлакат намояндагӣ дорад. Дар шабакаи умумиҷаҳонии «Бош Авто Сервис» барои корхонаҳои таъмири автомобилҳои замонавӣ қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти ташхисӣ истеҳсол мекунанд. Мувофиқи васиятномаи муассиси ширкат Роберт Бош 92 дарсади сармояи сиҳомии ширкат ба хазинаи хайриявии Robert Bosch Stiftung GmbH тааллуқ дошта, барои рушди маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг ва ғ. сарф мегардад.
Тамғаҳои машҳури Бош
[вироиш | вироиши манбаъ]Машҳуртарин тамғаҳои тиҷоратии Бош: Bosch, Buderus, Junkers, Dakon Hawera, Skil, Dremel, Roto Zip, Freud, Vermont American Bosch ва Siemens, Goggenau, Neff, Thermador, Constructa, Viva ва ғ. Бош фаъолияти худро дар ҳудуди Шӯравии собиқ танҳо дар Руссия, Қазоқистон ва Украина ба роҳ мондааст. Дар бозорҳои дохилии Руссия маҳсулоти Бош ҳанӯз соли 1904 пайдо шуда буданд. Баъди истиқлоли давлатӣ дар бозорҳои Тоҷикистон низ маҳсулоти Бош ба фурӯш бароварда шуданд.
. == Эзоҳ ==
- ↑ https://www.bosch.com/corporate-information/
- 1 2 https://assets.bosch.com/media/global/bosch_group/our_figures/pdf/bosch-annual-report-2025.pdf (ингл.)
- ↑ https://web.archive.org/web/20170706222535/https://assets.bosch.com/media/global/bosch_group/our_figures/pdf/bosch-annual-report-2016.pdf
- 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 https://assets.bosch.com/media/global/bosch_group/our_figures/pdf/bosch-annual-report-2016.pdf
- 1 2 3 https://pm20.zbw.eu/folder/co/003322 — 1908.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бош (Bosch) / М. Тағоев. // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.